расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Курсии муовини Рустами Эмомалӣ холӣ шуд: Муинӣ ба Суғд рафт

. / Сиёсат

Курсии муовини Рустами Эмомалӣ холӣ шуд: Муинӣ ба Суғд рафт

Раисиҷумҳури кишвар дуввумин занро ба мақоми раҳбарии шаҳр дар шимоли Тоҷикистон таъйин кард

Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе аз ин мақом барканор шуда, дар вилояти Суғд ба мансаби нав таъйин гардидааст.

Ин иттилоъро манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати шаҳри Душанбе таъйид намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, бо фармони президенти Тоҷикистон, Мавсума Муинӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон дар вилояти Суғд таъйин карда шудааст.

Дар ин вазифа Муинӣ, Раъно Ҳошимзодаро иваз кард, ки ҳамакнун иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон шуд.

Муинӣ ба ҳисоби Ҳошимзода ҳоло дувуми зани шаҳрдор дар Суғд гуфта мешавад.

Ӯ то ин замон муовини раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ буд.

Мавсума Муинзода Муинӣ 41 сол дошта, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос мебошад.

Ӯ пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгор дар кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи мазкур кор кардааст.

Солҳои 2009 — 2017 минҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон буд.

Аз 12 январи соли 2017 то ин вақт муовини раиси шаҳри Душанбе буд.

Донандаи забонҳои хориҷии русӣ ва англисӣ аст.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.