расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Самангонӣ: Даҳҳо нафар барои талоши фирор аз Афғонистон боздошт шуданд

. / Сиёсат

Самангонӣ: Даҳҳо нафар барои талоши фирор аз Афғонистон боздошт шуданд

Ноиби сухангӯи толибҳо аз боздошти даҳҳо нафар хабар дод, ки гуноҳашон қасди хориҷ шудан аз Афғонистон будааст

Толибҳо хабар доданд, ки 40 нафарро дар Балх бо иттиҳоми талоши ғайриқонунӣ барои хориҷ шудан аз Афғонистон боздошт карданд.
Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи толибҳо бо нашри паёме дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

«Ин афрод аз майдони ҳавоии Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, дар шимоли кишвар боздошт шудаанд», — хабар додаст Sputnik Афғонистон аз қавли Самангонӣ.

Таъкид шудааст, ки дар миёни онон занон низ ҳастанд.

Ба гуфтаи ноиби сухангӯи толибҳо, афроди боздоштшуда пас аз бозҷӯӣ дубора раҳо шуданд. Аммо шуморе аз заноне, ки ҳанӯз ворисонашон ҳозир нашудаанд, ҳамоно дар тавқифхонаи махсуси бонувон қарор доранд.

Оқои Самангонӣ ҷузъиёти бештар дар ин мавридро ироа накардааст. Ҳамчунин дар мавриди чӣ гуна ин афрод талош доштаанд, ки аз ин кишвар хориҷ шаванд, иттилое дар даст нест.

Ин дар ҳолест, ки Мулло Ҳибатуллоҳ, роҳбари толибҳо қаблан дар паёме аз волиён ва мақомҳои ҳукуматашон хоста буд, ки барои ҷилавгирӣ аз фирор ва муҳоҷирати шаҳрвандон ба кишварҳои ғайриисломӣ вориди амал шаванду роҳи ҳалли ин мушкилро ёбанд.

Толибҳо нимаи августи соли гузашта ҳукумат дар Афғонистонро ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ дар он ҷо хабар доданд. Онҳо эълон доштанд, ки давлатро бо қавонини исломӣ идора мекунанд, аммо бисёре аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тафсире, ки ин афрод аз ислом доранд, интиқод мекунанд. Ҷомеи ҷаҳонӣ эълон кард, ки аз толибҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риоия қоидаҳои бунёдии инсонию мубориза бо терроризм дар ин кишварро интизор дорад.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.