расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Коршинос: Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мардум метавонанд ҳал кунанд

. / Сиёсат

Коршинос: Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мардум метавонанд ҳал кунанд

Сиёсатмадори қирғиз пешниҳод кардааст, ки ҳама масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон пеш аз ҳама миёни мардум ҳал шавад

Дар масъалаи таъйини марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба инобат гирифтани андешаи мардум муҳим аст, менависад «Вечерний Бишкек».
Дар ин бора коршиноси умури равобити байналмилалӣ, собиқ мудири шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Дониёр Сиддиқов дар мизи мудаввари «Дурнамо ва чолишҳои сиёсати хориҷӣ дар соли 2022» изҳор дошт.

Ба гуфтаи вай, имкон дорад, ки музокирот дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марз бо Тоҷикистон идома ёбад, аммо пеш аз ин фаъол кардани самтҳое муҳим аст, ки аҳолии сокинони манотиқи марзиро «аз ҷиҳати идеологӣ муттаҳид» кунанд.

Ба гуфтаи коршинос, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол дар сатҳи беҳтар нест.

«Таҷрибаи хуби рушди равобит бо Ӯзбекистон вуҷуд дорад — дипломатияи мардумӣ. Мардуми манотиқи марзии ду кишвар ҳар қадар аз ҳамдигар дур бошанд, ҳамон қадар ҳалли мушкилот дар сатҳи расмӣ мушкилтар мешавад», — гуфт Содиқов.

Вай афзуд, ки Душанбеву Бишкек гуфтугӯро идома хоҳанд дод, аммо муҳим он аст, ки дар вилоятҳои Бодканд ва Суғд сулҳу оромӣ ҳукмфармо бошад ва сангборон нашавад.

«Мо бояд бо шарикон қоидаҳои одилонаро риоя кунем ва бояд муносибатҳои худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва иттифоқчиён инкишоф диҳем. Аммо на танҳо ба таври декларативӣ», — қайд кард коршиноси қирғиз.

Вай ёдовар шуд, ки ҳама гуна масъалаҳо бояд дар сатҳи дуҷониба «дар сари мизи музокирот» ҳал шаванд.

«Аммо ҳалли мушкилот, такрор мекунам, бояд аз минтақаҳо ва аҳолии онҳо оғоз шавад», — хулоса кард Дониёр Сидиқов.

Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби «Головной», ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.

Мақомоти ҳар ду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.

Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.

Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардошт. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.

Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.

Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.