расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Нахустин машқҳои низомӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон оғоз мешаванд

. / Сиёсат

Нахустин машқҳои низомӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон оғоз мешаванд

Хизматчиёни ҳарбӣ барои машқ кардани амалиёти ҷангӣ бар зидди душмани сохта ба тамрингоҳҳои Лоҳур ва Самбули рафтанд.

Дар тамрингоҳи кӯҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон машқҳо бо ширкати ҳазор сарбоз оғоз шуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳафзаи марказии ҳарбӣ гузориш медиҳад.

Хизматчиёни ҳарбӣ бо роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба тамрингоҳҳои Лоҳур ва Самбули барои машқ кардани мудофиа ва ҳуҷум бо истифода аз системаҳои иктишофии зарбазан ва оташфишонӣ рафтанд.

Илова бар ин, сарбозон аз ҳама навъҳои яроқи тирандозӣ ва гранатомётҳо, инчунин аз мошинҳо дар техника бар зидди душмани шартӣ тирандозӣ меомӯзанд.

Барои то ҳадди имкон фароҳам овардани муҳити ҷангӣ, ҳадафҳои статикӣ ва динамикии навъҳои гуногун дар майдонҳои тамринӣ истифода мешаванд, илова кардаанд аз Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.

Гуфта мешавад, мақсади асосии баргузории чорабиниҳо санҷиши омодагии қисмҳои пиёданизом дар иҷрои вазифаҳои омодагии ҷангӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Русия дар Тоҷикистон теъдоди рекордии машқҳоро баргузор кард.

Хизматчиёни ҳарбӣ дар зиёда аз 300 машғулият иштирок намуданд. Чунин тадбирҳо ба вазъи ноором дар Афғонистони ҳамсоя, ки дар миёнаҳои моҳи август толибон қудратро ба даст оварда буданд, иртибот доранд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.