расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Чиҳил урдӯгоҳ ва шаш ҳазор ҷангҷӯ: дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ иттифоқе меуфтад?

. / Сиёсат

Чиҳил урдӯгоҳ ва шаш ҳазор ҷангҷӯ: дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ иттифоқе меуфтад?

Дар соҳили чапи Панҷ задухӯрдҳо давом доранд. Нооромиҳои низомию сиёсии Афғонистон ва ҳазорон ҷангҷӯ таҳдиде барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама Тоҷикистон ҳастанд

Вазъият дар минтақа тақозо мекунад, ки ҳарчи зудтар ва ба шеваи муассир ба таҳкими камарбанди амниятии СПАД иқдом шавад.

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон даргириҳои мусаллаҳона миёни гурӯҳҳои мухталифи толибон идома доранд. Танҳо дар ҳафтаи аввали соли 2022 дар соҳили чапи Панҷ ҳудуди сӣ ҷангҷӯи толибон кушта ва захмӣ шуданд. Вазъият дар сарҳад рӯз то рӯз бадтар мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти кашфи Тоҷикистон, дар вилоятҳои шимолию шарқии Афғонистон беш аз 40 урдӯгоҳ ва маркази омӯзиши террористон ҷойгир буда, беш аз 6000 ҷангҷӯ дар канори он мунтазиранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 10 январ дар нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви СПАД бо ишора ба ин арқом ва далелҳо аз ҳампаймонон даъват кард, ки камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро мустаҳкам кунанд.

Толибон иддаои Раҳмон дар бораи вуҷуди ҷангҷӯён дар шимолу шарқи Афғонистонро ба таври фаврӣ рад карданд, аммо нигаронии Душанбе муболиға нест. Дар марзҳои Афғонистон бо Туркманистону Покистон низ тирпарронӣ сабт шудааст. Рӯзи 10-уми январ президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев низ аз ширкати ҷангиёни афғон дар Қазоқистон, дар ошӯбҳо хабар дод.

Дар баробари ин дар Панҷшер задухӯрдҳои миёни Толибон ва ҷангҷӯёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ идома дорад. Бесабаб нест, ки Ван И, вазири умури хориҷии Чин дар як суҳбати телефонӣ бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия хостори ҷилавгирӣ аз бесарусомонӣ ва ҷанг дар Осиёи Марказӣ шуд.

Барои кори муштараки кишварҳои СПАД ва СҲШ доираи васеъ вуҷуд дорад. Зимнан Барномаи байнидавлатии таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон то ҳол қабул нашудааст.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.