расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Теҳрон мавзуъҳои асосии мулоқоти Раисӣ ва Путинро эълон кард

. / Сиёсат

Теҳрон мавзуъҳои асосии мулоқоти Раисӣ ва Путинро эълон кард

Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ояндаи наздик аз Маскав боздид ва бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот мекунад

 Созишҳои молӣ ва тиҷорат миёни Эрону Русия аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти роҳбарони ду кишвар хоҳад буд.

Дар ин бора Комбизи Миркаримӣ, ноиби раиси Палатаи муштараки тиҷории Русия ва Эрон дар суҳбат бо Хабаргузории ҷумҳурии исломӣ (IRNA) иттилоъ дода, таъкид намудааст, ки сафари қарибулвуқуи Раисӣ ба Маскав бисёр муҳим мебошад.

«Яке аз бартариҳои ин сафар музокироти сатҳи олӣ дар мавриди муносиботи тиҷорию молӣ мебошад», — изҳор дошт мақомдори эронӣ.

Миркаримӣ таъкид намудааст, ки маҳз дар сатҳи олӣ баргузор шудани гуфтушунидҳо самараи хубе барои рушди муносиботи миёни ду кишвар хоҳад дод.

Интизор меравад, Раисӣ рӯзҳои наздик аз Маскав боздид кунаду бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот намояд.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар мавриди сафари президенти Эрон ба Маскав изҳор дошт, ки воқеан барои ин боздид Маскав омодагӣ мегирад. Дар посух ба суоли «оё ин сафар моҳи январ баргузор мешавад?», Песков гуфт, таърихи баргузории ин дидор ва дигар мушаххасоти он баъдан пешниҳоди расонаҳо хоҳад шуд.

Cарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.