расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » БОЗДОШТИ ДОНИШМАНДИ АФҒОНЕ, КИ СУХАНГӮИ ТОЛИБОНРО “ГӮСОЛА” НОМИД (ВИДЕО)

Сиёсат / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ДОНИШМАНДИ АФҒОНЕ, КИ СУХАНГӮИ ТОЛИБОНРО “ГӮСОЛА” НОМИД (ВИДЕО)

Файзуллоҳ Ҷалол, устоди факултаи ҳуқуқу улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул рӯзи 8 январ аз сӯи режими феълан бар Афғонистон ҳокими Толибон дастгир шудааст.
Дар ин бора аввал нашрияи “8 субҳ”-и Кобул ва хабаргузории “Омоҷ” хабар доданд ва сипас як намояндаи Толибон ба шарти набурдани номаш ба радиои “Афғонистони озод”  тасдиқ кардааст, ки  Файзуллоҳ Ҷалол  барои таҳқиқи иттиҳомоте, ки ба зидди бархе аз раҳбарони Толибон зада буд, фаро хонда шудааст ва ҳоло дар дасти онҳост.
Ҳусно Ҷалол, духтари Файзулло Ҷалол, ки дар берун аз Афғонистон зиндагӣ мекунад,  низ дар суҳбат бо радиои “Афғонистони озод”  хабари боздошти падарашро тасдиқ кардааст: “Яке аз дӯстони падарам хабари дастгир шудани ӯро ба мо тасдиқ кард. Аввал тавассути расонаҳои иҷтимоӣ хабардор шудам. Як намояндаи Толибон ҳам ин хабарро таъйид кардааст, ки устод феълан пеши онҳост ва таҳқиқ идома дорад.”
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар Твиттер  хабари дастгир шудани Файзуллоҳ Ҷалолро тасдиқ карда,  ба зидди низом таҳрик додани мардумро сабаби боздошти доктор Ҷалол номидааст. Муҳоҷид навиштааст, ки доктор Ҷалол аз ҷумла чанд мақоми баландпояи ҳукумати Толибонро шаҳрвандони Покистон гуфтааст, ки туҳмат аст.
Доктор Файзуллоҳ Ҷалол зодаи вулусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки рисолаи доктории худро дар Тоҷикистон дифоъ кардааст. Ӯ дар гузашта аз мунтақидони шадиди ҳукуматҳои Ҳомиди Карзай ва Ашраф Ғанӣ ба шумор мерафт ва онҳоро ба фасоди саросарӣ ва заъфи идорӣ айбдор мекард.
Файзуллоҳ Ҷалол бо вуҷуди ин ки дар Кобул дармонд, ҳамчунон сарсахтона ва ба сурати ошкор аз режими Толибон интиқод мекард ва мегуфт, ин режим бо ин сиёсате, ки пеш гирифтааст, авзоъро дар Афғонистон боз ҳам буҳронитар мекунад.
Моҳи декабр дар як мубоҳисаи телевизионӣ дар шабакаи “Тулӯъ” Файзуллоҳ Ҷалол бо Муҳаммаднаими Вардак, яке аз сухангӯёни Толибон вориди баҳси тезутунд шуд. Вардак ба баҳс тоб наоварда, доктор Ҷалолро “ӯ солим нест, балки як коммунист аст” гуфт ва Файзуллоҳ Ҷалол дар посух сухангӯи Толибонро “гӯсола” номид, ки дар Шарқ ҳаммаънои “аблаҳ” буда, таҳқир шумурда мешавад.
“Бо инҳо баҳс беҳуда аст! Инҳо азамати Хуросонро аз куҷо донанд?”, – гуфта буд вай бо зарда дар ҷараёни баҳсаш бо Вардак.
Сабти ин суханони ӯ дар Интернет паҳн шуд ва сару садои зиёд ба вуҷуд овард. Мардуми зиёде ба Файзуллоҳ Ҷалол барои чунин ҷасорат дар муқобили Толибон ва он ҳам дар ҳоле, ки дар Кобул қарор дорад, аҳсан хонданд. Аммо тавре ба назар мерасад, сарони Толибон низ он таҳқирашон дар маҳзари омро фаромӯш накардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.