расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тоҷикистон 3 ҳазору 140 нафарро аз тариқи "Интерпол" дунболагирӣ дорад

. / Сиёсат

Тоҷикистон 3 ҳазору 140 нафарро аз тариқи "Интерпол" дунболагирӣ дорад

Полковник Шаҳриёр Назриев, сардори бюрои байналмилалии «Интерпол"-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамкориро бо кишварҳои дигари узви созмон хуб арзёбӣ карда, бархе оморро пешниҳод намуд

Ҳамасола то 100 муттаҳам дар ҷиноёт, ки таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, аз тариқи «Интерпол» боздошту ба Тоҷикистон истирдод мегарданд.

Дар ин бора полковник Шаҳриёр Назриев, сардори бюрои байналмилалии «Интерпол» дар суҳбат бо нашрияи «Қонун ва ҷомеа"-и и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар додааст.

Назриев изҳор доштааст, ки феълан дар истеҳсолоти бюро парвандаи 3 ҳазоур 140 нафар қарор доранд, расман таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ мебошанд. Ӯ таъкид намудааст, ки раванди ҷустуҷӯ таҳти назорат қарор дошта, ҳамкорӣ бо кишварҳои узви дигари «Интерпол» дар ин самт идома дорад.

Зикр шудааст, ки Тоҷикистон дар ҷаласаи 73-юми Ассамблеяи генералии «Интерпол», моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Канкуни давлати Мексика ба ҳайси 182-юмин узви ин созмони байналмилалӣ пазируфта шуд.

Бюрои миллии марказии «Интерпол» дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумат аввали соли 2005 таъсис дода шуд, ки феълан ба ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик ва ҳамкоронашон аз кишварҳои дигари узви ин созмон машғул мебошад.


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.