расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Сармоягузорони рус дар Афғонистон корхонаи тавлиди семент месозанд

. / Сиёсат

Сармоягузорони рус дар Афғонистон корхонаи тавлиди семент месозанд

Толибон бо сармоягузорони рус дар Кобул дидору мулоқот карданд

Толибон дар Кобул, бо сармоягузорони рус, ки ба саноати Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса доранд, мулоқот карданд, хабар медиҳад сухангӯи Иномуллоҳ Самангонӣ.

«Муовини нахуствазири Имороти исломӣ (номи кишваре, ки Толибон истифода мекунанд — идора.) Мавлавӣ Абдулсалом Ҳанафӣ дар дафтари худ бо як ҳайати муштараки сармоягузорони афғон ва рус мулоқот кард», — навиштааст Самангонӣ дар саҳифааш дар Twitter.

Ба гуфти намояндаи толибон, ширкаткунандагони ҷаласа масъалаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмони корхонаҳои коркарди нафту газ, инчунин заводҳои истеҳсоли омехтаҳоро муфассал баррасӣ кардаанд.

Илова бар ин, дар ҷаласа масъалаи таъсиси корхонаи тавлиди семент матраҳ шудааст.

Ба гуфти Самангонӣ, сармоягузорони рус ба сармоягузорӣ дар ин соҳа изҳори таваҷҷӯҳ кардаанд. Ҳанафӣ зикр кардааст, ки барои сармоягузорӣ дар Афғонистон шароити мусоид вуҷуд дорад.

Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.

Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.

Толибон: Бандҳои бузург месозем, обро ба нафт табдил медиҳем
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.

Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷй буд, эълон кард


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.