расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ҳушдори фармондеҳи толибҳо ба Покистон

. / Сиёсат

Ҳушдори фармондеҳи толибҳо ба Покистон

Яке аз фармондеҳони толибҳо ҳушдор додааст, ки ба ҳамлаҳои мушакии Покистон ба қаламрави Афғонистон посухи сазовор хоҳад дод

Абу Дуҷона, фармондеҳи қӯшунҳои маъруф ба «Халид ибн ал-Валид"-и толибҳо аз посух ба зарбаҳои Покистон ҳушдор додааст.

Ӯ дар пайи зарбаҳои мушакии Покистон ба бархе аз қисматҳои Афғонистон изҳор доштааст, ки агар ин ҳол идома ёбад, ҳамлаҳои ҷавобӣ амалӣ мешаванд.

«Барои мо ин замини муқаддас аст. Дар ин замин шаҳидони зиёд додем. Мо муносиботи хуб бо кишварҳои ҳамсоя мехоҳем, аммо агар онҳо зарбаҳоро идома диҳанд, мо ҳам ба чунин шева посух хоҳем дод», — навиштааст Sputnik Афғонистон аз қавли Дуҷона.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 24 декабр дар посух ба зарбаи навбатии мушакӣ ба мавзеъҳои «Таҳрики толибҳои Покистон» дар музофоти Кунар толибҳо ҷойҳои будубоши артиши покистониро мавриди тирпарронӣ қарор додаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан генерал Бобур Ифтихор, мудири раёсати иртибот бо ҷомеаи Вазорати дифои Покистон, гуфт, кишвараш аз кафолатҳои гирифта аз толибҳо дар умури амниятӣ розист.

Бобур Ифтихор дар суҳбат бо Urdu News изҳор дошта буд, ки толибҳо дар мавриди фаъолияти гуруҳи дар Покистон мамнӯи «Таҳрики толибҳо» ваъдаҳое додаанд.

Ба гузориши Sputnik Афғонистон, ин гуруҳи мамнӯъ дар Покистон дар қаламрави Афғонистон фаъолият дорад ва феълан толибҳо бо вуҷуди ваъдаҳояшон ба Покистон мубориза бо гуруҳро аз оғоз накардаанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.