расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Хуросонӣ эътироф кард, ки толибҳо ҷавони панҷшериро иштибоҳан куштаанд

. / Сиёсат

Хуросонӣ эътироф кард, ки толибҳо ҷавони панҷшериро иштибоҳан куштаанд

Абдулҳамид Хуросонӣ, роҳбари амнияти таъйинкардаи толибҳо дар Панҷшер бегуноҳии ҷавони ахиран кушташударо дар ин музофот эътироф кардааст

Омири амниятии толибҳо дар Панҷшер изҳор доштааст, ҷавоне, ки қатлаш боиси эътирозҳо гардид, иштибоҳан кушта шудааст. Дар ин бора TOLOnews аз қавли Хуросонӣ хабар додааст.

«Ӯ шаҳид шуд, дар натиҷаи пешниҳоди маълумоти бардурӯғ „, — навиштааст Sputnik Афғонистон аз қавли омири амниятии Панҷшер.

Вай таъкид намудааст, ки аморати исломӣ ҳар нафареро, ки худсарона кор мекунаду ба ҷиноят даст мезанад, муҷозот хоҳад шуд.

Аз кушташуда Муҳаммад Оқо ном бурда мешавад, ки сокини мулкии Панҷшер будааст. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, ки марҳум ҳеч рабте ба фаъолияти зидди толибҳо надошт.

Хабаргузории Aamaj News чанд навор аз лаҳзаи эътирози сокинони ин минтақаро нашр намуд. Гуфта мешавад, панҷшериҳо пас аз он ба кӯчаҳо рехтанд, ки як сокини шинохтаи ноҳияи Оноба аз сӯи толибҳо кушта шуд.

Сокинон ҷасади марди кушташударо дар кӯчаҳо бардошта, бо шиорҳое чун ‚Марг ба Иморати Исломӣ‘ ва ‚Зинда бод Аҳмади Масъуд‘ садо баланд мекарданд.

Мақомот ваъда доданд, ки қазияро таҳқиқу дастандаркоронро муҷозот хоҳанд кард.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.