расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Толибон: Ғарб буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистонро доман мезанад

Сиёсат / Ҷаҳон

Толибон: Ғарб буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистонро доман мезанад

Сухангӯи дафтари толибон дар Қатар бо эътироф ба мушкилоти ин гурӯҳ барои идораи Афғонистон мегуяд, ки кишварҳои Ғарб қасдан ба буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар доман мезанад

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии толибон дар Қатар гуфтааст, ки Афғонистон ба мушкили рӯ ба рӯ шудааст, аммо Ғарб талош дорад, бӯҳрони иқтисодиро дар кишвар боз ҳам амиқтар кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

»Мушкилот вуҷуд доранд, аммо ин мушкилот ба андозае нест, ки ба бақоӣ толибон таҳдид кунад», — афзуд сухангӯи толибон.

Вай афзуд, дар 20 соли охир мо муқовимат бо ИМА ва 54 кишвари дигарро аз сифр оғоз кардем ва ниҳоят пирӯз шудем.

»Ҳоло мо бо тахриби Ғарб, бахусус ИМА рӯбарӯ ҳастем ва мо боварӣ дорем, ки онҳо дидаву дониста бӯҳрони иқтисодиро дар Афғонистон амиқтар месозанд», — гуфт Шоҳин.

Сухангӯи толибон гуфт, ҳадафи аслии гурӯҳ рафъи мушкилоти иқтисодӣ аст: «Бо вуҷуди хазинаи холӣ, масдуд шудани пулҳои миллат аз сӯйи Ғарб ва хиёнати масъулони ҳукумати қаблӣ, мо аз манобеъи худ монанди даромадҳои гумрукӣ ва молиётӣ, ҳуқуқи кормандони бархе аз вазоратхонаҳоро пардохт кардаем».

Ин мақомдори толибон афзуд, ки бисёре аз кишварҳо то ҳадде бо толибон иртибот доранд: «Мо бо сафирони 15 кишвари аврупоӣ мулоқот кардем ва онҳо ба дастаҷамъона ба мо тааҳуд доданд, ки бо ҳукумати ҷадид ҳамкорӣ хоҳем кард».

Қаблан Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии ҳукумати толибон, иқдоми Амрико дар бораи масдуд кардани дороиҳои Афғонистонро иқдоми нангин хонд.

Муттакӣ гуфт, Вошингтон бояд ба фикри озод кардани дороиҳои давлати Афғонистон бошад ва давлат мувақати толибон низ мувазаф аст аз амволи умумӣ ҳифозат кунад.

Иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи толибон таъкид кард: «Мо намехоҳем, ки ҳеҷ кишвар ба умури дохилии Афғонистон дахолат кунад ва мо интизорем, ки кишварҳои мухталиф ба умури дохилии мо дахолат нахоҳанд кард; Мо манфиатҳои дигар кишварҳоро эҳтиром мекунем ва интизорем, ки онҳо низ ба мо ҳамин гуна рафтор кунанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.