расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Кӣ шикаст хӯрд? Тавсифи вазири дифоъ аз артиши Қирғизистон дар даргирӣ бо Тоҷикистон

. / Сиёсат

Кӣ шикаст хӯрд? Тавсифи вазири дифоъ аз артиши Қирғизистон дар даргирӣ бо Тоҷикистон

Раҳбари вазорати дифоъ гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон барои таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти аҳолӣ захираҳо доранд

Маҳз артиши Қирғизистон даргириҳои мусаллаҳонаро баҳори соли гузашта дар марз бо Тоҷикистон қатъ кард, гуфт вазири дифои Қирғизистон Бахтибек Бекболотов дар нишасти матбуотӣ, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон
Ба гуфти вазир, низоъро давлатҳо ҳал карданд. Бекболотов зикр кард, ки расонаҳо ва ҷомеа баҳс доранд, ки кадом тараф талафоти зиёд дидааст ва кӣ бурду кӣ бохт.

«Худи мафҳуми даргирии мусаллаҳонаи ҳама гуна миқёс, талафотро дар пай дорад. Мо наметавонем дар бораи талафот маълумот диҳем. Ман мегӯям, ки мо се нафар — ду афсар ва як прапоршикро аз даст додем. Агар хоҳед бидонед, ки аз тарафи ҳамсоя чӣ қадар талафот буд, маслиҳат медиҳам, ки ба он ноҳияҳо равед.

Аҳолии маҳаллӣ маълумоти бештаре дорад. Агар бигӯем , ки мо бохтем… Дар баъзе ҷойҳо нидоҳо садо медоданд: ки он замон артиши қирғиз чӣ кор мекард? Наворҳоро тамошо кунед, ин артиш буд, ки низоъро боздошт. Аҳолии маҳаллӣ ба шумо нақл мекунанд, ки мо дар он ҷо чӣ кор кардем», — гуфт вазир.

Вай таъкид кард, ки оғоз кардани ҷанг осон аст, аммо боздоштан хеле мушкилтар. Сардори вазорати дифоъ итминон дод, ки артиш барои таъмини амнияти аҳолӣ ва марзи давлатӣ нерӯи ҷангӣ ва кадрӣ дорад.Бекболотов афзуд, таҷҳизоти низомие, ки аз тариқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ харидорӣ мешавад, барои таъмини амнияти кишвар пешбинӣ шудааст, аммо теъдоди ҳавопаймоҳои бесарнишинро дақиқ нагуфт. 

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.