расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Вазорати хориҷа таърихи эҳтимолии боз шудани марз бо Чину сарнавишти бори тоҷиронро гуфт

. / Сиёсат

Вазорати хориҷа таърихи эҳтимолии боз шудани марз бо Чину сарнавишти бори тоҷиронро гуфт

Интизор меравад мавзуъи боз шудани марзҳо бо ин кишвар дар аввали моҳи март дақиқ шавад.

Сурат: Asia-Plus
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ таърихи эҳтимолии боз шудани марзҳо бо Чин ва сарнавишти молу колои тоҷирони тоҷикро, ки дар ин кишвар банд мондаанд, гуфт.  Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ин мавзуъ таҳти назорати ҷиддии Тоҷикистон ва аз ҷумла вазорати корҳои хориҷӣ қарор дорад.
Раҳбари ниҳоди сиёсати берунии Тоҷикистон гуфт, ки дар ин масъала гуфтугӯҳо дар ҳама сатҳо ҷараён дорад. Ҳам сафорати Тоҷикистон дар Чин ва ҳам сафорати Чин дар Тоҷикичтон рӯйи ин мавзуъ кор мекунанд.
Гузашта аз ин ман ҳам ба наздикӣ ба ҳамтои чинии худ дар ин масъала нома навиштам. Вазири корҳои хориҷии Чин ба ман посух доданд, ки ин мавзуъро ниҳодаш ҷиддан пайгирӣ мекунад.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин дар ин мавзуъ чанд омилу мушкил вуҷуд дорад.
"Якум ин ки, минтақаи маъмурие, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳаст, мувофиқи маълумоте, ки мо дорем, яъне вазъияти эпидомологӣ ноҳияи худмухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин каме номуътадил аст. Дувум ҷониби Тоҷикистон мехоҳад дар гузаргоҳи марзияш бо Тоҷикистон нуқта ё гузаргоҳе бисозад, ки мошинҳоро зиддиуфунӣ (дезинфексия) кунад. Ҳамаи мошинҳое, ки ин тараф мегузаран ё аз мо ба Чин мераванд зиддиуфунӣ карда мешаванд. Чун вазъияти иқлимии ин минтақа хеле хунук аст, имкони кори шабонарӯзӣ вуҷуд надорад. Ба ҳамин хотир кор каме кашол ёфтааст. Аммо мувофиқе маълумоте, ки онҳо ба мо доданд, дар охири моҳи феврал бояд сохтмони ин гузаргоҳи нав ба анҷом расад. Дар ин сурат интиқоли борҳо бехатартар ва хубтар мешавад",-гуфт вазир.
Ҳамчунин ин мавзуъ ба ҷашнгирии Соли нав дар ин кишвар ҳам марбут аст, ки то 20-уми феврал тамоми марзҳои ин кишвар баста шудааст,-гуфт вазири хориҷа.
Ғайр аз ин миёни Тоҷикистону Чин  аз соли гузашта гуруҳи кории махсусе дар ин масоил таъсис дода шудааст, ки онҳо ҳам рӯйи ин мавзъу кор бурда истодаанд.
Қаблан раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода воридкунандагони молу маҳсулот аз Чинро аз ҷумлаи бештар зарардидагон аз оқибатҳои пандемия номид.
Номбурда қайд кард, ки ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ айни замон аз бозистии интиқоли молу маҳсулоташон аз Чин зиёни зиёд мебинанд.

Ба гуфтаи ӯ, молу маҳсулоте, ки бояд ба Тоҷикистон оварда шавад, аз моҳи октябри соли гузашта дар сарҳади Чин дармондаанд.
Раиси Палата, сабаби асосии иҷоза надодани интиқоли молу маҳсулотро аз Чин пандемияи коронавирус унвон кард.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки пас аз анҷоми Соли нави Чин молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
Мутахассисони ПСС мегӯянд, айни замон дар дигар кишварҳои ҳаммарз бо Чин низ чунин мушкилӣ вуҷуд дорад, зеро ин давлат қоидаҳои риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологиро ҳангоми интиқоли бор сангинтар кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.