расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » “Ман шуморо ба ин ҷо даъват накардаам”. Дағалии мансабдори парлумон нисбати рӯзноманигорон

. / Сиёсат

“Ман шуморо ба ин ҷо даъват накардаам”. Дағалии мансабдори парлумон нисбати рӯзноманигорон

Дар монитор садо хомӯш буд, бинобар ин, аз ҷараёни ҷаласа чизе фаҳмида намешуд.


Парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
Сурат: nm.tj
Имрӯз дар парлумони кишвар ҷаласаи навбатӣ баргузор шуд. Дар ҳамин ҳол, дар мониторе, ки тариқи он рӯзноманигорон ҷараёни ҷаласаро тамошову гӯш мекунанд, садо вуҷуд надошт.
Бо ин сабаб рӯзноманигороне, ки фаъолияти парлумонро инъикос мекунанд, намешуниданд, ки вакилон дар чӣ бора ҳарф мезананду кадом қонунҳо қабул шуданд ва ғайраву ҳоказо.
Маъмулан рӯзноманигорони матннависро ба толори ҷаласа роҳ намедиҳанд, онҳо ҷараёни кори вакилонро аз долон, ки дар он монитор гузошта шудааст, мушоҳида мекунанд. Ҳамчунин чанде аз мансабдорони парлумон - кормандони кумита ва раёсатҳо низ ҳамроҳи рӯзноманигорон назди монитор мешинанд.
Ба журналистон ин ҳолатро чунин шарҳ доданд, ки корманди техникии толори ҷаласаҳо баланд кардани меъёри овозро фаромӯш кардааст. Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ кадоме аз мансабдорони парлумон, ки дар паҳлӯи рӯзноманигорон буданд, корманди техникиро дар бораи ин ҳолат огоҳ накарданд.
Ба дархости журналистон бобати бартараф кардани ин ноқисӣ, яке аз мансабдорони парлумон дағалона чунин посух дод: “ Шахсан ман шуморо ин ҷо даъват накардаам”.
Қаблан зикр гардида буд, ки имрӯз вакилони мардумӣ тағйирот ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи судҳо, Кодекси муроифавии ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.