расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тоҷикистон барои баргардонии шаҳрвандонаш бо Сурия вориди гуфтугӯ шуд

. / Сиёсат

Тоҷикистон барои баргардонии шаҳрвандонаш бо Сурия вориди гуфтугӯ шуд

Сурат: Вазорати корҳои хориҷӣ
Тоҷикистон барои баргардонии шаҳрвандонаш аз урдугоҳҳои Сурия бо мақомоти ин кишвар вориди гуфтугӯ шудааст. Сафири Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо мақомоти Сурия ҳамроҳ бо намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ин бора мулоқот кардааст. 
Бино ба иттилои Вазорати корҳои  хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Салиби Сурх ва Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия, Зубайдулло Зубайдзода, “масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳи ал-Ҳавлро баррасӣ кардааст”.
Гуфта мешавад  дар паноҳгоҳи ал-Ҳавл ва ал-Ҳасакаи Сурия бештар аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҳамсарону фарзандони ҷангиёни гурӯҳи тундрави ДОИШ мебошанд.
Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода гуфтааст, ки дар Димишқ, пойтахти Сурия қарор дорад ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик баргардонида хоҳанд шуд.
Пас аз шикасти “Давлати исломӣ” ҳоло  занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар чанд шаҳри Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.
Тоҷикистон  хеле аст талош дорад, ки ин занону кӯдаконро баргардонад. Кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Узбекистон ва Қазоқистон даҳҳо шаҳрванди худро аз ин кишвар баргардонидаанд.
Бино ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия 65 ҳазор зану кӯдак нигаҳдорӣ мешавад, ки 10 ҳазор нафарашон хориҷиён ҳастанд. Беш аз 570 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.