Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
![](/uploads/posts/2024-05/thumbs/1715594179_file-b768ee455f549091281e5e6fa6b394e0.jpg)
Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешавад, дар доираи парванда оид ба ҳалокати мусофирони автобус кормандони кумита “далелҳои риоя нашудани қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират”-ро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
“Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автобус давоми моҳҳои феврал-марти соли 2024 ба ивази пул на камтар аз 10 шаҳрванди хориҷиро дар хонаи ба худаш тааллуқдошта ба қайди қалбакӣ гузоштааст”, - зикр кардаанд дар Кумитаи тафтишот.Мутобиқи моддаи 322.3 Кодекси ҷиноятии Русия, ба гумонбаршуда то 3 соли зиндон ҷазо таъин шуда метавонад.
Рӯзи 10 май аз пули Потселуев автобуси мусофирбар ба дарёи Мойка сарозер шуда, бар асари ин ҳодиса 7 нафар ҳалок шуданд. Ронандаи автобус зодаи Тоҷикистон, шаҳрванди Русия Раҳматшоҳ Қурбонови 44-соларо боздошт карданд.
Рӯзи 12 май Суди Октябрскии Петербург доир ба ду моҳ ба ҳабс гирифтани ӯ қарор содир кард.
Аввал Кумтаи тафтишот мутобиқи ду модда - вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба марги ду ё зиёда аз ин шахсон боис гардид (қ.5, модд. 264 КҶ Русия - ҷазои ниҳоӣ 7 соли зиндон) ва хидматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест ( қ.3, модд 238 КҶ Русия - ҷазои ниҳоӣ 10 соли зиндон) парвандаи ҷинояти оғоз карда буд.Дар доираи тафтиши ин парванда ҳамчунин сардори корхонаи хидматрасонии нақлиёт (автоколонна)-и ҶДММ “Такси”, ки ба ҳамлу нақли мусофирон машғул аст, боздошт шудааст.