расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Қазоқистон ба ватан меорад

. / Ҷомеа

Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Қазоқистон ба ватан меорад

Бо ин мақсад 3 парвоз анҷом дода мешавад.

Сурат: скриншот аз видео
Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эр” бо хатсайри Душанбе-Алмаато-Душанбе 3 парвози чартерӣ анҷом медиҳад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, парвозҳо бо мақсади овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон иҷро мешаванд. Хатсайри аввал рӯзи 12 октябр ва боқимонда рӯзҳои 19 ва 27 октябр ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, хатсайрҳои чартерӣ дар мувофиқа бо ҳукумати Қазоқистон анҷом дода мешаванд.
ВКХ хотиррасон мекунад, ки шаҳрвандоне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (PCR) гирифта шудааст, ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.