расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҳалокати 7 сокини Муъминобод дар садамаи нақлиёт

Ҷомеа / Ҳаводис

Ҳалокати 7 сокини Муъминобод дар садамаи нақлиёт

Садама дар канори шаҳри Кӯлоб рух дода, миёни фавтидагон модар бо 3 фарзандаш низ ҳастанд

Дар натиҷаи садамаи нақлиёт, ки дар қаламрави деҳаи Офтоблиқои канори шаҳри Кӯлоб рух дод, якбора 7 нафар ҳалок шуданд. Ин ҳодисаи фоҷеабор ҳанӯз шоми рӯзи 27 июн рух дода, лекин ВКД акнун аз ҷузъиёташ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи Opel-Astra Бобоҷон Зоирови 27-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини сабукрави дигари ҳамин тамға зери идораи Умарҷон Латифови 24-сола бармехӯрад.
“Бар асари садама ронанда Латифов, мусофирони он - Рамазон Алиеви 25-сола,  Бунафша Шариповаи 38-сола ва 3 фарзанди ӯ - Аминҷон 5-сола, Алиҷони 10-сола ва Сабринаи 13-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд, - омадааст дар хабари Вазорат. - Боз як мусофири ин мошин Насимҷон Рамазонии 18-сола аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон фавтидааст”.
Гуфта мешавад, ронадаи автомашинаи дигар Бобоҷон Зоиров ва мусофирони он: Нуралишои Қурбони 18-сола, Мадина Гуловаи 15-сола ва Панҷшери Муҳаммадзодаи 19-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки тайи 4 рӯзи ахир бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 13 нафар ҳалок шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.