Баҳодур Усмонов бо муштзани Русия рақобат мекунад
![](/uploads/posts/2024-05/thumbs/1716376875_afisha-boja-foto-rcc.jpg)
Қувваозмоӣ дар доираи чорабинии Шоми бокси касбӣ дар Екатеринбург доир мегардад. Ҳам Усмонов (7-0, 3 КО) ва ҳам Алаев (9-0, 5 КО) бидуни бохт дар ҳунарнамоии касбии худ ба ринг мебароянд.
Баҳодур Усмонов мушзани маъруфи тоҷик дар вазни сабук мебошад, ки ба 50-гонаи радабандии ҷаҳонӣ шомил аст. Ӯ дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон байни дӯстдорон ва иштирокчии Бозиҳои олимпӣ аст. Ӯро умеди асосии бокси тоҷик меноманд. Ҳамчунин муштзани то ҳол таъми бохтро начашида ба дарёфти унвони WBO Oriental ноил гардидааст. Усмонов аллакай бори ҳаштум дар ҳунарнамоии касбии худ дар ринги касбӣ рақобат мекунад.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/336973/%D1%83%D1%81%D0%BC%D0%BE%D0%BD%D0%BE%D0%B2%20%D0%B13.jpg)
Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов айни замон дар Душанбе таҳти раҳбарии мураббӣ Мирзо Шамсиев ба қувваозмоӣ омодагӣ мегирад.
“Ман кайҳост, ки ҷиддӣ тамрин мекунам, лекин то дирӯз дар бораи рақибам маълумот надоштам. Маълумот дар даст доштем, ки моҳи июн қувваозмоии касбӣ мегузаронам. Акнун маълум шуд, ки бо рақибе қувваозмоӣ хоҳам кард, ки ӯ ҳам бохт надорад. Бешак, ин рақобати шавқовар хоҳад шуд. Кӯшиш мекунам, ки аз тамоми неру ва имконотам истифода барам”, - иброз дошт Усмонов зимни суҳбат бо “Азия-Плюс”.Ба гуфтаи ӯ, рақобати моҳи июн охирин пеш аз сафар ба Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд. Роҳхат ба Олимпиадаро Усмонов баҳори ҳамин сол ба даст оварда буд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/336973/%D1%83%D1%81%D0%BC%D0%BE%D0%BD%D0%BE%D0%B2%20%D0%B14.jpg)
Ӯ илова намуд, ки пеш аз Олимпиада бояд дар ҳолати беҳтарин (оптималӣ) бошад, то тавонад бо муштзанҳои маъруфи ҷаҳон дар Париж рақобат кунад.
«Дар он ҷо осон намешавад, вале ману мураббиям нақша дорем, ки чӣ тавр кӯшиш кунем натиҷаи хуб нишон диҳем», - хулоса кард Баҳодур.