расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард

Ҷомеа / Муҳоҷир / Ҷаҳон

Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард

Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл” - Лутфуллои Назримад, Ҷумъахон Қурбонов, Яъқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзодаро тамдид кард. Дар ин бора дар додгоҳҳои салоҳияти умумии пойтахти Русия хабар дода мешавад.
“Додгоҳ дархости мақомоти тафтишотро қонеъ кард”, - гуфта мешавад дар хабар.
Гумонбарон то 22 августи соли 2024 дар ҳабс қарор хоҳанд дошт. Ҳамаи онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 205, қ.3, б.”б”-и Кодекси ҷиноятии Русия айбдор карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки як рӯз пеш, 16 май додгоҳи муҳлати ҳабси 4 гумонбари дигари ин парванда - Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсидинро низ дароз кард.
Онҳо як рӯз пас аз ҳодисаи 23-юми март боздошт ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав то 22-юми майи соли равон ба ҳабс гирифта шуда буданд.
Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.
Ҳамаи гумонбарони ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” як рӯз пас аз ҳодиса - 23-юми март боздошт ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав то 22-юми майи соли равон ба ҳабс гирифта шуда буданд. Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" - Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.