расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Мусибат: Ҳамсари Миралӣ Достиев даргузашт

Ҷомеа / Ҳаводис

Мусибат: Ҳамсари Миралӣ Достиев даргузашт

Ҳамсари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сарояндаи опера, Миралӣ Достиев аз олам даргузашт. Дар ин бора аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, ки Достиев феълан ректори он аст, хабар доданд.
“Ҳайати устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз марги нобаҳангоми ҳамсари ректор Миралӣ Достиев андӯҳгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд” — омадааст, дар номаи тасаллияти консерватория.
Миралӣ Достиев сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (2010) [1], вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва феълан ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон 15 октябри соли 1958 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 1981 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро бо ихтисоси солист-вокалист, овозхони опера хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 ба ҳайси солист-вокалисти Ансамбли тарона ва рақси “Бунафша”-и ноҳияи собиқ Совет оғоз карда, минбаъд аввал солист-вокалист ва баъдтар директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва солҳои 2006-2013 муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кардааст. Аз моҳи декабри соли 2013 инҷониб дар вазифаи директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон” (2003) ва унвонҳои дигари давлатӣ қадршиносӣ шудааст.
Миралӣ Достиев, директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бидуни баргузории интихобот аз рӯйи феҳристи ҷумҳуриявии ҲХДТ вориди парлумон шуд. Ваколати вакилии Низом Қосим, ки дар интихоботи парлумонии якуми марти Тоҷикистон аз рӯйхати ҷумҳуриявии ҲХДТ соҳиби курсӣ шуд, бо сабаби раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуданаш, пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.