расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВИДЕО: МУНОҚИШАИ БАЙНИ ДУ ГУРУҲИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР НОВОСИБИРСК – КАЛТАК ҲАМ ДОШТАНДУ ПИСТОЛЕТ ҲАМ...

Ҷомеа / Муҳоҷир

ВИДЕО: МУНОҚИШАИ БАЙНИ ДУ ГУРУҲИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР НОВОСИБИРСК – КАЛТАК ҲАМ ДОШТАНДУ ПИСТОЛЕТ ҲАМ...

Ба дасти сомонаи "Ориён” видеое расид, ки ба гуфтаи манбааш, дар он ҷараёни занозании гуруҳӣ байни муҳоҷирони тоҷики зодаи минтақаи Кӯлоб ва водии Ҳисор сабт шудааст. 
Дар видео дида мешавад, ки гуруҳи ҷавононе, ки рӯяшонро бо ниқобҳои тиббӣ пӯшондаанд ва дар даст калтак (бита) доранд, дар рӯи саҳни як иншооти монанд ба анбор (база) бошитоб ҳаракат доранд. Сипас мебинем, ки онҳо вориди офиси кадом ширкат шуда, ҳамаро чапаву роста мекунанд ва бошандагони он дафтарро латтукӯб мекунанд. Вақте онҳо тарки дафтар мекунанд, онҷо фақат як нафари маъюб мемонад, ки бо ду чигас ба зӯр роҳ меравад.
Дар идомаи видео дида мешавад, ки чӣ гуна як нафар мошинро болои чанд нафари дигар меронад ва онҳоро пахш мекунад. Яке аз онҳое ки мошин пахшашон кард, ҷавоне буд, ки лаҳзае қабл бо пистолет дар саҳни анбор роҳ мерафт ва ба сӯяш ҳамла кардани мошинро дида, рӯ ба фирор овард, вале мошин дарёбаш кард.
Нафаре ки видеоро фиристод, мегӯяд, ин муноқиша рӯзи 3 сентябр рух додааст. Ҷараёни муноқиша тавассути камераҳои назоратӣ сабт шудааст ва дар он дида мешавад, ки ҳодиса шоми 3 сентябр, соати 19:40 оғоз ёфтааст.ар видео садоҳои зоҳиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида мешавад, ки видеоҳоро бо мақсади муайян кардани иштирокчиёни занозанӣ таҳқиқ доранд. Дар ин кор ба онҳо як нафари лаҳни гӯишаш монанд ба зодагони Осиёи Марказӣ кумак мерасонад. Дар ҷараёни бозрасӣ ба унвони яке аз ташкилкунандагони муноқиша аз Бахтиёр ном нафаре ном мебаранд, ки мошини "Мерседес” ва пистолет доштааст.
Тафсилоти дигари ин муноқиша ва сабабҳояш дастрас нест. Маълум нест, ки оё дар ҷараёни ин муноқиша касе осеб дидааст ё хайр?

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.