расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Раиси Суғд аз соҳибкори Русия хост, дар манотиқи Тоҷикистон корхона созад

Ҷомеа / Иқтисодиёт

Раиси Суғд аз соҳибкори Русия хост, дар манотиқи Тоҷикистон корхона созад

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар мулоқот бо Владимир Волошок, мудири Корхонаи пойафзорбарории Магнитагорски Русия аз зиёд будани талабот ба ин маҳсулот дар Тоҷикистон гуфтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, Волошок, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дораду дар Исфара корхонаи истеҳсоли пойафзолро фаъол кард, омодагияшро барои рушди ҳамкориҳо баён доштааст.

Манбаъ афзуд, ки Аҳмадзода гуфт, таъсиси корхонаҳои тавлиди пойафзол ба манфиати ҷонибҳо мебошад.

"Бо назардошти мавҷуд будани имконот ва қувваи корӣ пешниҳод карда шуд, ки чунин корхонаҳо дар дигар минтақаҳои кишвар низ бунёд карда шаванд", - омадааст дар иттилоия.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Сироҷов дар ҳамкорӣ бо Фабрикаи пойафзорбарории Магнитагорск дар шаҳри Исфара корхонаи "Исфара Саманд"-ро фаъол кард.

Ин корхона, ки бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷиикстон фаъол шуд, пойафзолҳои гуногунранг бо андозаи аз 11,5 то 41-ро асосан барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон истеҳсол мекунад.

Таъкид шудааст, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол буда, дар "Исфара-Саманд" 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши то 2 ҳазор сомонӣ таъмин гардидаанд.

Муассисони корхона тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми истеҳсолро зиёд карда, марҳила ба марҳила дар як сол то 150 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намоянд.

Зикр шудааст, ки 80%-и пойафзоли дар коргоҳ истеҳсолшаванда ба хориҷи кишвар содир ва боқимонда дар бозорҳои дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш гузошта мешавад.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.