расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дуздии маблағи ҳангуфт аз мағоза дар Фархор: парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Ҷомеа / Иқтисодиёт

Дуздии маблағи ҳангуфт аз мағоза дар Фархор: парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Дар ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан ба дуздии маблағи ҳангуфт, ду ҷавон боздошт шудаанд.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки кормандони ШВКД дар нохияи Фархор дар асоси аризаи сокини ноҳияи мазкур оиди дуздида шудани маблағҳои пулияш, корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бурдаанд.


Дар паи баргузории тафтишот, ду сокини ноҳияи мазкур дастгир шудаанд. Онҳо сокинони 18 ва 19-солаи даҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор мебошанд.

Дар рафти тафтишот муайян карда шудааст, ки ин ду нафар шаби 15 марти соли равон бо маслиҳати пешакӣ ба ин кирдори ношоям даст задаанд.

Номбурдагон аз набудани одамони гирду атроф истифода намуда, вориди саҳни ҳавлии шаҳрванд Гулов Холназар гашта, аз он ҷо бо як адад оҳани дарозшакл гирифта, қулфи дари мағозаро шикаста, ғайриқонунӣ ворид мегарданд.

Аз дохили мағоза ба миқдори 200 сомонӣ тангаҳои оҳанин, 15 ҳазор сомонӣ, 40 ҳазору 150 доллари ИМА ва 1 адад телефонии мобилии тамғаи "Нокия"-ро, ки арзишаш 150 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.

ВКД мегӯяд, бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдида ба маблағи 690.000 (шашсаду навад ҳазор) сомонӣ зарари махсусан калон расонидаанд.

Дар ШВКД дар ноҳияи Фархор нисбати гумонбарони ҷинояти дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Сарчашма:sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.