расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » "Обу лой"-и қариб 8 млн сомонӣ дар Суғд: Мақомот гуфтанд, пул куҷо рафт?

Ҷомеа / Иқтисодиёт

"Обу лой"-и қариб 8 млн сомонӣ дар Суғд: Мақомот гуфтанд, пул куҷо рафт?

Сарраёсати молияи вилояти Суғд истифодаи ғайримақсадноки қариб 8 миллион сомониро ошкор кардааст

Мақомоти молияи Суғд хароҷоти пули буҷа дар 396 ташкилоту муассисаро санҷида, истифодаи ғайримақсадноки 7 млну 995 ҳазор сомониро ошкор кардаанд.

Ба иттилои Сарраёсати молия аз ин маблағ, хароҷоти ғайриқонуниӣ ба андозаи 4 млну 75,2 ҳазор сомонӣ ошкор гардид.

Камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ба маблағи 1,19 млн сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Зарар аз фурўш ва иҷораи амволи давлатӣ 88,7 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 93,6 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шуд.

"Талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 1880,5 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рўйпўшнамудаи андозҳо 666,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.

Мақомот таъкид намудаанд, ки аз зарари молиявии ошкоршуда 3 млну 941,2 ҳазор сомонӣ ё худ 49,3% барқарор шудаст. Пули барқароршуда 3 млну 553 ҳазор сомонӣ ба буҷа ва 388,2 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳо рост меояд.

Инчунин зикр гардид, ки зимни таҳлилҳо норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 2 млну 915,2 ҳазор сомонӣ ошкор ва пурра барқарор карда шуд.

Сарраёсати молияи Суғд илова намуд, ки 83 маводи аудиторӣ, ба маблағи 7,6 млн сомониро барои баррасӣ ва қабули қарор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намудааст.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.