расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БА ШАКЛИ ДУТОРУ ДОИРА ВА ТАБЛАК: ЛОИҲАИ ҚАСРИ ФАРҲАНГИ НАВУ БОШУКӮҲ ДАР ДУШАНБЕ (5 АКС)

Ҷомеа / Иқтисодиёт

БА ШАКЛИ ДУТОРУ ДОИРА ВА ТАБЛАК: ЛОИҲАИ ҚАСРИ ФАРҲАНГИ НАВУ БОШУКӮҲ ДАР ДУШАНБЕ (5 АКС)

Дар саҳифаи Архитектураи Душанбе дар Фейсбук 5 акси лоиҳаи ангоравии бинои Қасри фарҳанги навва муҳташам  дар пойтахти Тоҷикистон нашр шудааст. Лоиҳаи ин қасрро гуруҳи лоиҳакашии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе кашидааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ин Қасри фарҳанги ҷадиду бошукӯҳ дар куҷои пойтахт қомат афрохт ва барои сохтанаш аз будҷа чӣ қадар маблағ ҷудо хоҳанд кард?
Тибқи лоиҳааш, намудаи зоҳирии Қасри фарҳанги ҷадид дар пойтахти Тоҷикистон ба шакли созҳои миллӣ: дутор, доира ва таблак сохта мешавад.
Дар ҳоли ҳозир, бузургтарин толори консернтии шаҳри Душанбе Кохи “Борбад” аст, ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 80 асри гузашта бунёд шудааст. Филармонияи миллии Тоҷикистон бошад ҳоло дар биное ҷойгир карда шудааст, ки қаблан қасри иттифоқҳои касаба буд.
Дар бораи зарурати бунёди қасрҳои нави фарҳанг дар пойтахти Тоҷикистон чандин сол боз  суҳбат мешуд, вале, тавре аз ин ангораҳо бармеояд,  иқдоми мушаххас дар ин масъала тоза акнун рӯи даст гирифта шудааст.





Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.