расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Хатсайри махсуси ширкати “Сомон Эйр” ба Деҳлӣ

. / Ҷомеа

Хатсайри махсуси ширкати “Сомон Эйр” ба Деҳлӣ

Шаҳрвандон бояд раводиди тиббии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистонро дошта бошанд.

Сурат: аз торнамои eurasianet.org

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” санаи 9-уми сентябри соли 2020 иҷрои парвози махсусро бо хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ба нақша гирифтааст.

Тавре дар саҳифаи расмии ширкат дар Facebook хабар дода мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши сафар ба Деҳлиро доранд, бояд раводиди тиббии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистонро аз моҳи марти соли 2020, инчунин маълумотномаи мубтало набудан ба COVID-19 (PCR), ки давоми 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз расидан ба фурудгоҳи таънотӣ дода шудааст, дошта бошанд.

Гуфта мешавад, онҳо инчунин бояд на дертар аз 72 соат то парвоз дар сомонаи www.newdelhiairport.in онлайн-эъломияро пур намоянд.
Ширкати ҳайвопаймоӣ огоҳ мекунад, ки тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд.


“Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд, - қайд мешавад дар хабари ширкат. - Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва хариди чипта лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед”.

Тавре аз сафорати Ҳиндустон дар Душанбе хабар доданд, барои шаҳрвандони Ҳиндустон, ки дар Тоҷикистон қарор доранду ба ватан баргаштан мехоҳанд, доштани раводиди тиббӣ зарурат надорад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки парвоз танҳо ба як самт иҷро шуда, дар бозгашт ба Тоҷикистон мусофирон гирифта намешаванд.
Ширкати “Сормон Эйр” дархост мекунад, ки барои дарёфти маълумоти муфассал ҷиҳати дастрас кардани билет ва дигар масъалаҳои вобаста ба парвоз ба марказҳои маълумотдиҳӣ муроҷиат карда шавад.

Маркази маълумотдиҳии “Сомон Эйр”:
+992 (93) 777 74 59,
+992 (44) 640 40 49,
+992 (44) 640 40 50,
+992 (918) 74 33 31,
+992 (98) 586 68 86,
+992 (98) 504 03 65,
call-center@somonair.com

Агентии алоқаи ҳавоӣ:
+992 (98) 807 10 00,
+992 (98) 880 87 87,
+992 (93) 501 24 24.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.