расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шабакаи нави телевизионӣ "“Илм ва табиатl"

. / Ҷомеа

Шабакаи нави телевизионӣ "“Илм ва табиатl"

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дар кишвар шабакаи ҷадиди телевизиониро таъсис дод
Бар асоси қарори Ҳукумат, шабакаи тозатаъсис “Илм ва табиат” ном дошта, барои он 87 воҳиди корӣ ҷудо карда шуд.
Раисиҷумҳур Кумитаи телевизиону радио ва Кумитаи давлатии сармоягузорию амволи давлатиро муваззаф кардааст, ки тайи шаш моҳи оянда масоили таъминот бо нақлиёт, бино ва дастгоҳҳои заруриро ҳал намоянд.
Таъкид шудааст, ки маблағгузории шабакаи ҷадид аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ амалӣ мешавад. Дар оинномаи тасдиқшудаи “Илм ва Табиат” омадааст, ки шабакаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз барнома пахш хоҳад кард.
Масъалаи ташкили шабакаи мазкурро Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли равон дар мулоқот бо олимони кишвар ба миён гузошта буд.
Ӯ таъкид карда буд, ки дар шабакаи мазкур таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Супориш дода шуд, ки дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабака дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ бояд пайваста муаррифӣ гарданд.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200903/1031840751/qarori-hukumat-tasisi-shabakai-navi-televizion-va-dars-tariq.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.