расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Омори ахири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

. / Ҷомеа

Омори ахири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш дод, ки шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Тибқи иттилои Вазорат, дар маҷмуъ аз 30 апрел то 3 сентябр 8 ҳазору 690 ҳолати гирифторшавӣ ба COVID-19 сабт гардид, ки аз ин беш аз 86 дарсадашон шифо ёфтанд.
Манбаъ теъдоди то ҳол шифоёфтагонро аз коронавирус 7 ҳазору 482 нафар, ё худ 86,1% гуфта, таъкид намудааст, ки бар асари COVID-19 то ҳол 69 нафар фавтидаанд.
“Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 85 нафар гумонбарон қарор дошта, 35 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Read more: https://sputnik-tj.com/health/20200903/1031842235/Omori-akhiri-giriftor-shifo-va-favt-az-COVID-19-dar-Toikiston.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.