расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЯК ҶАВОН ДАР ЁВОН ШАВҲАРИ АПАИ ХУДАШРО ҒОРАТ КАРДААСТ

Ҷомеа / Ҳаводис

ЯК ҶАВОН ДАР ЁВОН ШАВҲАРИ АПАИ ХУДАШРО ҒОРАТ КАРДААСТ

Сокини 32-солаи Ёвон ба он гумонбар мешавад, ки шоми 29 декабр, соати 19:30, аз ҳолати мастии шавҳари апааш – марди 50-солаи сокини Ёвон – истифода бурда, бо зӯрӣ аз ҷайби ӯ 200 долларро кашида гирифтааст.
Марди 32-солаи сокини пойтахт иддао дорад, ки аввалҳои моҳи марти соли 2021 дар назди Маркази савдои “Саодат” зани 32-сола ва марди 30-солаи сокинони Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 25 ҳазор доллар ва 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ба ӯ хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳанд, аммо ваъдаашонро то ҳол иҷро накардаанд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 3 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 29-уми декабри соли 2021, тахминан соати 19:30-дақиқа, бародари ҳамсараш аз ҳолати мастии ӯ истифода бурда, бо роҳи зӯроварӣ аз дохили ҷайбаш 200 доллари амрикоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 32-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Бо роҳи қаллобӣ расонидани зарари махсусан калони иқтисодӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи марти соли 2021 дар назди Маркази савдои “Саодат” зани 32-сола ва марди 30-солаи сокинони шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 25 ҳазор доллари амрикоӣ ва 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки аз бинои баландошёна, воқеъ дар шаҳри Душанбе хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳанд, аммо ваъдаашонро то ҳол иҷро накардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Содир гардидани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби ҷавонон

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 41-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 30-юм ба 31-уми декабри соли 2021, тахминан соати 03:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз кормандони милитсия ҷавонони 25 ва 26-солаи сокинони Турсунзодаро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Ҳамзамон ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 31-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 17 ба 18-уми декабри соли 2021, тахминан соати 05:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дуконҳои №163 ва 165, даромада, аз он ҷо 75-килограмм маҳсулоти саноатии мисро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 500 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 25-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 17 ба 18-уми октябри соли 2021, тахминан соати 01:25-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои баландошёна, 5-адад зинапояҳои оҳанинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазру 500-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳоисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.