расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » IRS НАРХИ РОҲИ ПУЛАКИИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД – ЧАНОҚРО АЗ 50-70% ТО ДУ МАРОТИБА БОЛО БУРД

Ҷомеа / Ҳаводис

IRS НАРХИ РОҲИ ПУЛАКИИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД – ЧАНОҚРО АЗ 50-70% ТО ДУ МАРОТИБА БОЛО БУРД

Ширкати IRS, ки аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи пулакии Тоҷикистонро дар даст дорад, рӯзи 22 декабр эълон кард, ки аз 1 январи соли 2022 нархи тарифҳояшро дар ин шоҳроҳ ба таври қобили мулоҳиза боло мебарад. Аз ҷадвали нашркардаи ширкат бармеояд, ки нархҳо дастикам 50%, дар баъзе плазаҳо, аз ҷумла дар плазаи “Варзоб” то зери 70% ва дар плазаи Деҳмой ҳатто ду маротиба боло бурда мешаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон соли 2009 бо имзои як қарордоди то ҳол сиррӣ бо ширкати қаблан аз он ноошное бо номи IRS масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқро баъди бар пояи қариб 300 миллион доллар пули қарзи Хитой бозсозӣ шудани ин шоҳроҳ ба ин ширкат супурд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.