расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАЪВО НАДОРАМ… СУҲБАТ БО МОДАРИ ДУХТАРЕ, КИ ДАР САРАШ ЧАНД ТУХМРО ШИКАСТА, МАЙОНЕЗУ КЕТЧУП РЕХТАНД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

ДАЪВО НАДОРАМ… СУҲБАТ БО МОДАРИ ДУХТАРЕ, КИ ДАР САРАШ ЧАНД ТУХМРО ШИКАСТА, МАЙОНЕЗУ КЕТЧУП РЕХТАНД (ВИДЕО)

Видеои дар сари як духтар чанд тухмро шикастану ба сару мӯяш рехтани майонезу кетчуп  дар ҷомиа сару садои зиёде ба по кард.
Тавре таҳқиқи пойгоҳи хабарии “Ориён” маълум кард, ин ҳодиса рӯзи 20 декабр дар мактаби №55 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯй дода, иштирокчиёнаш  хонандагони синфи 11, хатмкунандагони имсола будаанд.
Аммо модари духтаре, ки нисбат ба ӯ чунин рафтор шуд, мегӯяд, ягон даъво надорад.
Ин зан, ки ба шарти набурдани номи ӯву духтараш бо “Ориён” суҳбат кард, гуфт, “он рӯз зодрӯзи духтари ман буд ва ҳамсинфонаш ҳамин хел анъана доштаанд, ки дар зодрӯзҳои якдигар ҳамин хел шӯхӣ мекардаанд. Вале вақте ин кор дар зодрӯзи духтари ман шуд, касе видеояшро дар Интернет партофтааст.”
Ӯ ҳамчунин нақл кард, ки ҳарчанд тоза аз бистари ҷарроҳӣ хестааст, баъди ба Интернет роҳ ёфтани видео ӯро ба мактаб даъват карданд ва дар бораи ин ҳодиса пурсидаанд.
Аз ин модар пурсидем, ки видеое, ки нашр шуд, чандон ба шӯхӣ монанд нест ва духтари ӯ ҳам, ки он бачаҳои бо вай чунин муносибат кардаро “сволочи” ва “ҳаромҳо” мегуфт, ба назар намерасид, ки шӯхӣ мекунад. Аммо модари духтар дигарбора гуфт, ки “бачаҳо бо вай шӯхӣ кардаанд ва духтари ман ҳам бо шӯхӣ онҳоро “сволочи” гуфтааст. Шукр, духтарам сиҳату саломат дар пешам аст ва ман нисбат ба ягон кас ягон даъво надорам.”
Ёдовар мешавем, Ҳодиса ТВ, канале, ки бо нашри видеоҳои пурсарусадо ном баровардааст, рӯзи 22 декабр видеоеро нашр кард, ки чигуна чанд писар як духтари ҳамсинфи худро  дар як кунҷи синфхона танг карда, аввал дар сараш чанд тухмро зада мешикананд ва сипас ба сару мӯяш майонезу кетчуп мерезанд. Ҳамсинфони дигар, аз ҷумла духтарон, ин лаҳзаҳоро бо шӯру шавқ ва ханда тамошо мекунанд ва бо телефонҳои худ ба навор мегиранд.
Касе ба ин рафтори писарон дахолат накард ва духтарро аз дасти онҳо халос накард. Танҳо дар аввали сабт садои як духтари дигар ба гӯш мерасид, ки мегуфт: “дар пеши курткаҳо не!”. Манзураг ин буд, ки ин корро дар наздикии ҷое, ки курткаҳои хонандагони синф овехта шудааст, анҷом надиҳанд, то ки мабодо тухм, майонез ё кетчуп ба курткаҳои онҳо  бирасад ва либосашонро, ба қавле, “ҷазир” кунад. Касе фикри ин духтарро накард, ки оё чунин рафтор нисбат ба ӯ равост?
Вақте ки писарҳо амали худро ба анҷом расонда, аз худ розиву қонеъ аз назди он духтар дур шуданд, он бечора бо сару мӯи пур аз тухму кетчупу майонез  дар ҳоле ки гиря мекард, “сволочи, ҳаромҳо” гӯён ба тарафи дар рафт. Ҳамсинфонаш, ҳатто духтарон, ҳамчунон ба ҳоли ӯ механдиданд…


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.