расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҳамаи чорабиниҳои идона дар рӯзи ҷашни истиқлолият бекор шуданд

. / Ҷомеа

Ҳамаи чорабиниҳои идона дар рӯзи ҷашни истиқлолият бекор шуданд

Бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми коронавирус дар кишвар.

Сурат: Asia-Plus
Ҳама  гуна чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон манъ  карда шуд . Бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми коронавирус дар кишвар.
Дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус  таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода чунин тасмим гирифта шуд.

Тибқи қарори қабул шуда,  дар қаламрави мамлакат гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба 29-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ манъ мебошад.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат дода мешавад, дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳои истироҳатӣ танҳо бо назардошти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ сайругашт намоянд. Инчунин ситоди ҷумҳуриявӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми сайругашт ниқоб пӯшидан ва масофаи 1,5-2 метрро нигоҳ доштан лозим аст.
«Бо назардошти паҳншавии босуръати мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҳамаи сокинони Тоҷикистонро ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ даъват мекунад", - омадааст дар хабари Вазорати тандурустӣ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.