расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ТАШХИСИ COVID-19 ДЕҲ!

. / Ҷомеа

РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ТАШХИСИ COVID-19 ДЕҲ!

 
Ташхиси COVID-19 дар кишвари мо дар зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ройгон аст! Имрӯз сокинони пойтахт барои ташхиси хун ё балғам барои санҷидани COVID-19 метавонанд ба озмоишгоҳҳои марказҳои санитариву эпидемиологӣ ва саломатии шаҳру ноҳияҳои худ муроҷиат кунанд-тестҳо фаровон ва ройгон мебошанд. Вале дар клиникаҳои тиббии хусусиву шахсӣ бошад барои ин озмоиш маблағ меситонанд ва гоҳо нархи танҳо 1 озмоиши хун аз 125 сомонӣ болост!!! 
Ба СЭС-ҳои шаҳриву ноҳиявӣ муроҷиат кунед!
20.08.2020. Соат бо вақти Душанбе 9:00 дақиқа. Бо нияти супоридани хун ва гузаштан аз озмоиш ба хотири гирифтор будан ё набудан ба COVID-19 ба озмоишгоҳ-лабораторияи Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ рафтам. На навбат буду на касе дар интизори супоридани хун. Мутахассисони ин озмоишгоҳ гуфтанд, ки сокинони пойтахт метавонанд ба Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ш.Душанбе муроҷиат кунанд, аз он ҷумла ман ҳам. Дар назди даромадгоҳи озмоишгоҳи ҷумҳуриявӣ низ навиштае бо ин маъно, яъне, «Хоҳишмандон барои супоридани хун ва озмоиши COVID-19 метавонанд ба СЭС-ҳои шаҳриву ноҳиявии худ муроҷиат кунанд!» насб шуда, шояд ҳамин буд, ки дар ин муассиса нафареро дар навбату интизорӣ надидам.
Танҳо бо роҳхат
20.08.2020.  Соат бо вақти Душанбе 9:45 дақиқа. Ба Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ш.Душанбе омадам. Посбони дами дарвозаи ин муассиса аз ниятам огоҳ шуда гуфт, ки лозим нест дохили бино шавам, зеро мутахассисони озмоишгоҳ ва хоҳари шафқат дар ҳамин дами дар, дар нуқтаи гузаргоҳӣ бунгоҳи тиббӣ ташкил карда, мардумро бо навбат қабул ва озмоишҳоро гирифта истодаанд. Ташхис ройгон буд.
Пас аз 3 нафар навбат гирифтам, аммо вақте дохили бунгоҳ шудам, гуфтанд, ки бояд ҳатман роҳхати духтури минтақавиамро аз рӯи маҳалли зист дошта бошам. Ман, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш ба минтақаи дигари пойтахт ба манзили нав кӯчидаам, ҳанӯз намедонам, ки ҳоло вобастаи кадом маркази тиббии шаҳрӣ ҳастам. Маҷбур шудам аз вазифаам суистифода карда, ҳуҷҷати корманди СССР-ро нишон диҳам. Ба таври истисноӣ танҳо ба хотири журналист буданам ва нашри чанд мақолаи воқеӣ аз кору фаъолияти имрӯзаи табибони пойтахт ба ман иҷозат доданд, бидуни роҳхат, лек бо гузоштани нусхаи шиноснома ташхис гузарам. Ваъда додам, ки ҳатман бо Маркази саломатии шаҳрии маҳаллаам ва табиби минтақавӣ шинос шуда, ӯро дар ин бора огоҳ мекунам. 
№ 6807…
20.08.2020.  Соат бо вақти Душанбе 10:10 дақиқа. Дубора вориди бунгоҳ шудаму пурсидам, ки хунро аз куҷо бояд бигиранд, хоҳари шафқат гуфт, ки аз рагҳои дастон. Ба курсӣ нишастам, ӯ дастамро бо «жгут» баста, аз ҷевон сӯзану шпритси нав баровард. Онҳоро дар назди ман кушода, бо маҳлули спирт дастонашро пок карду шуруъ намуд ба гирифтани хун. Фикр мекунам, ки аз тарсу ҳаяҷон ё асабоният рагҳои дастонам ба қавле худро зуд нишон надоданду ҳохари шафқат «муаллима, ором шавед!»-гӯён маро каме ба худ овард. Маҷбур шуд дубора сӯзан бизанад, ки боз нашуд. Гуфтам, ки донори хун ҳастаму агар аз болотари дастам хун бигиранд беҳтар аст. Ҳамин тавр ҳам шуд, билохира аз рагҳои болотари дастонам бо забони духтурон 2-3 кубик хун гирифтанд. Ҷойи захми дастонамро бо спирт шуста, пахта гузошта басту бо маъзарат гуселам кард. 
Пеш аз баромадан ному насаб ва соли таваллудамро навишта, бароям рақам дод: 6807! Ҷавоби озмоишро бо ин рақам рӯзи 22 август хоҳам гирифт.
1 шаби пур аз тарсу ваҳм
21.08.2020. Соат бо вақти Душанбе 00:01 дақиқа. Аз тарсу ваҳму ҳаяҷон хобам намебарад. Фақат дар интизори онам, ки натиҷаи озмоишам чӣ мешавад. Пеши худ фикр мекунам, ки Худоё накарда агар COVID-19 бароям, кору зиндагӣ ва муҳимтар аз ин ҳоли ягона писарам чӣ мешуда бошад? Дар кадом беморхона маро мехобонанд? Кӣ ба хабаргириам меояд? Ҳеҷ кас! Зеро ҳама аз гирифторони COVID-19 ҳазар мекунанд!  
Боз фикр мекунам, ки набояд ва нашояд гирифтор шуда бошам, зеро дар айни авҷу хуруҷи ин беморӣ дар байни мардум будаму аз чанд беморхона дидан кардам, замоне, ки аксарияти ҳамкоронамон ба мураххасӣ рафтанд, мо сари кор будему то тавонистем кӯмак тақсим кардем ва дар ҳамаи ин корҳо худам пешоҳанг будаму дарде нарасид, аммо ҳоло чӣ? Воқеан ҳам тарсу ваҳм чизи хеле бад будааст, рӯҳи инсонро мешикастааст....
COVID-19 нестам!
22.08.2020. Соат бо вақти Душанбе 11:20 дақиқа. Ба Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ш.Душанбе омадам. Аз рӯи рақами 6807 натиҷаи ташхиси хунро гирифтам: тоза! Дар намунаи таҳлилшуда COVID-19 умуман вуҷуд надорад! Уррааа! Бемор нестам ва сироят наёфтаам! Ҳуҷҷати тасдиқкунандаро гирифтаму ба қавле парвозкунон сӯи хона шитофтам, то ин хабари хубро ба наздиконам, ки мисли ман нигарон буданд, расонам.
Ташхиси COVID-19 ройгон аст!
Ташхиси COVID-19 дар кишвари мо дар зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ройгон аст! Имрӯз сокинони пойтахт барои ташхиси хун ё балғам барои санҷидани COVID-19 метавонанд ба озмоишгоҳҳои марказҳои санитариву эпидемиологӣ ва саломатии шаҳру ноҳияҳои худ муроҷиат кунанд-тестҳо ройгон мебошанд. Вале дар клиникаҳои тиббии хусусиву шахсӣ бошад барои ин озмоиш маблағ меситонанд ва гоҳо нархи танҳо 1 озмоиши хун аз 125 сомонӣ болост. Ҳоло шумо худатон интихоб кунед, ки ба кадоме итминон дореду кадоме лоиқи боварист. Интихоб аз шумост! Мо интихоби худро кардем! Мо метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.