расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ШАҲРАКИ НАВ БАРОИ СОКИНОНИ СЕЛЗАДАИ ХУРОСОН

. / Ҷомеа

МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ШАҲРАКИ НАВ БАРОИ СОКИНОНИ СЕЛЗАДАИ ХУРОСОН

Рӯзи 1 сентябр дар мавзеи Чорбоғи ноҳияи Хуросон маросими ифтитоҳи шаҳраки нав барои сокинони селзадаи ин ноҳия доир шуд. Дар ин маросим сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешниҳод кардааст, ки ин шаҳраки иборат аз 67 хона "30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” ном гузошта шавад. Сокинони селзадаи Хуросон дар аввали моҳи май бо талаби кумак аз ҳукумат тазоҳурот карда, роҳи Душанбе –Бохтарро бастанд. Мақомот баъди ин эътироз барои бунёди хонаҳо барои сокинони селзада иқдом карданд. Ҳамзамон, тақрибан 10 нафар аз сокинон барои иштирок дар эътироз ҳабс шуданд.
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, дар ифтитоҳи деҳаи навбунёд, бунгоҳи тиббӣ ва синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ширкат варзиданд.
Тавре иттилоъ дода будем рӯзҳои 14-16-уми майи соли равон бар асари офати табиӣ деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва 18 – уми анҷумани ҳизби Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон хароб гардида, 67 оила зиёни сахт дида буданд. Аз рӯзҳои аввал бо супориши Пешвои муаззами миллат ба мардуми зарардида дасти кӯмак расонида шуд. Ҳам бо масолеҳи сохтмонӣ ва ҳам бо маводи ғизоӣ пурра таъмин гардиданд. Сиёсати иҷтимоӣ ва инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷӯҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар давоми ду моҳ барои 67 оила хонаҳои истиқоматӣ бунёд ёфта, барояшон ҳама шароити арзандаи зиндагӣ таъмин гардид. Ташрифи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода ба Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, боздид аз ин мавзеъ ва суҳбату мулоқот бо сокинони деҳаи 30–солагии истиқлолият ба мардуми зиёндида дилгармии хоса бахшид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.