расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Семинар-машварати корӣ дар мавзӯи "Андоз - бақои давлат"

. / Ҷомеа

Семинар-машварати корӣ дар мавзӯи "Андоз - бақои давлат"

1675
Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ рӯзҳои 15 ва 16-уми марти соли равон дар Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати корӣ баргузор гардид.
Дар семинар-машварати мазкур муҳосибони дастгоҳи марказӣ, Шуъбаҳои Хадамоти давлатии “Муҳофиза” дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон иштирок намуда, ин чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби сардори Шуъбаи баҳисобгирии иқтисодии Хадамоти мазкур полковники милитсия Холзода Ш.А. оғоз гардид.
Мавсуф дар идома қайд намуд, ки яке аз самтҳои асосии пешрафти тамоми кишварҳои олам аз соҳаи иқтисодиёташ вобастагии бузург дорад, аз ин лиҳоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ин соҳа диққати махсус зоҳир намуда, бо мақсади танзими муносибатҳо дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти назоратӣ як қатор дастуру супоришҳо доданд.

16761677
Дар идома муҳосиб-иқтисодчии шуъбаи молияи Хадамоти мазкур лейтенанти калони милитсия Мансуров Иброҳим дар мавзӯи “Андоз - бақои давлат” баромад намуда, ба самъи иштирокдорон тарзи ҳисоб ва пардохти андозҳо ва пешниҳоди эъломияҳои андозро ба таври амалӣ гуфта гузашт, ки барои боз ҳам дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар ин самт манфиатнок буд.
Муродзода Саидҷамол, лейтенанти милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.