расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар саргаҳи об қарор дорему то ҳанӯз аз об танқисӣ мекашем

. / Ҷомеа

Дар саргаҳи об қарор дорему то ҳанӯз аз об танқисӣ мекашем

Раҳбари муассисаи ” Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Тоҷикистон  Ҷамшед Табарзода 15 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дар бораи вазъи таъмини аҳолии кишвар бо оби нӯшокӣ ҳисобот дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки  ҳоло танҳо 65 % аҳолии шаҳрҳо бо оби нӯшокӣ таъмин буда, 68 % сокинони деҳоти Тоҷикистон аз оби ошомиданӣ камбуд доранд.  Ҷамшед Табарзода таъкид намуд, ки бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ дар кишвар тибқи  “Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2008- 2020” амалӣ мегардад.
Арзиши умумии татбиқи ин барнома зиёда аз 3,3 миллиард сомонӣ буда, сарчашмаи маблағгузории он аз ҳисоби буҷаи мутаммарказ 498,7 миллион сомонӣ (15%), аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 332,4 миллион сомонӣ (10%), аз ҳисоби ҷалби инвеститсия 2,3 милллиард сомонӣ (70%) ва аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ 166,2 миллион сомонӣ (5%) пешбинӣ шудааст. Дар соли гузашта барои амалӣ намудани ин барнома беш аз 46 млн сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Бо вуҷуди он, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд таваҷҷуҳи кишварҳои оламро ба масъалаи оби нӯшокӣ  ҷалб намуда, онро аз масоили доғи сайёра арзёбӣ намуд ва бо ташаббуси Тоҷикистон дар тӯли солҳои охир форумҳои: “Соли байналмилалии оби тоза” (2003); “Нақшаи байналмилалии 10-солаи амал “Об барои ҳаёт” (2005-2015);  ” Соли байналмилалии  ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об” (2013); “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028″ баргузор гардиданд, вале ҳукумат дар зарфи 30 сол натавонист  ин масъаларо дар дохили кишвар ҳал намуда, тамоми  аҳолиро  бо оби ошомиданӣ таъмин намояд.
Ин дар ҳолест, ки 60% захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад ва  танҳо 17-20% ҳаҷми умумии захираҳои оби кишвар мавриди истифода қарор мегиранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.