Шумори сироятёфтагон аз Covid-19 дар Тоҷикистон ба 8550 нафар расид
Беш аз 7ҳазору 300 нафар шифо ёфтанд.
Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-PlusРӯзҳои истироҳати гузашта - 29 ва 30 август дар Тоҷикистон 69 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Портали ягонаи миллӣ оид ба ваъз бо Covid-19 хабар медиҳад.
Ба ин тариқ, аз оғози пандемия шумори сироятёфтагон ҳамагӣ ба 8550 нафар расид. Аз ин шумор 7341 кас шифо ёфта, 68 нафар фавтиданд.
Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон шумори сироятёфтагон аз коронавирус 105,7 ҳазор нафар, Ӯзбекистон - зиёда аз 41,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар Қирғизистон то 30 август 43 ҳазору 829 ҳолати сироятёбӣ сабт шуда, 1504 кас аз ин беморӣ фавтиданд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар Туркманистон ягон ҳолати сироят аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.