расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » "Лимит" дар Суғд: "шабона риоя мешаваду рӯзона кам-кам мекушанд"

. / Ҷомеа

"Лимит" дар Суғд: "шабона риоя мешаваду рӯзона кам-кам мекушанд"

Сурат: аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Дар биноҳои баландошёнаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд  интиқоли барқ маҳдуд карда намешавад, мегӯяд як манбаъ аз Шабакаҳои барқии Суғд  ба “Азия-плюс”. Аммо бархе сокинон мегӯянд, ки рӯзона дар бархе ҷойҳо барои як соату ду соат интиқоли барқро қатъ мекунанд. 
Ин манбаъ мегӯяд, ки биноҳои  баландошёна дар шимоли кишвар асосан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон (Қайроққум) ва  Бӯстон (Чкаловск) ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои дигар мавҷуданд, ки сокинони зиёде ҳам дар онҳо ба сар мебаранд. Масъулини шабакаҳои барқи Суғд мегӯянд, ки сарфи назар аз ҷорӣ шудани маҳдудият онҳо бо барқ таъмин ҳастанд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ғайр аз он ҷойҳое ки биноҳои баланошёна доранд,  тибқи реҷаи муқараргардидаи ширкати “Барқи тоҷик”  ба аҳолӣ  барқ  дода мешавад, яъне аз соати 23-00 шаб то соати 6-00 субҳ интиқоли қувваи барқ  қатъ мегардад.
Дар ҳамин ҳол сокинони вилоят аз он шикоят мекунанд, ки баъзан рӯзона ҳам барои як соату ду соат барқро хомӯш мекунанд. 
Ҷамшед як сокини шаҳри Истаравшан, ки дар бинои баландошёна зиндагӣ мекунад, имрӯз гуфт, пас аз эълони муроҷиатномаи “Барқи тоҷик ”  рӯзона барқ  доштем. Аммо, имрӯз аз соати 9-и субҳ барқро хомӯш кардаанд ва нисфирӯзӣ се чор маротиба  барқ омаду хомӯш шуд, вале то ҳоло нест.
Вале муҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан Муҳидин Аҳмадзода зимни як тамоси телефонӣ  ба "Азия -Плюс" гуфт, ки хонаҳои баландошёна бо барқ таъмин ҳастанд ва аз додани иттилои бештар худдорӣ карда, тамсоро қатъ кард.  
Дар ҳамин ҳол Нозир Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати "Барқи тоҷик" ҳам ба "Азия-Плюс" гуфт, ки реҷаи додани барқ дар Тоҷикистон шадидан риоят мешавад. Ин масъули ширкат гуфтааст, ки "арзёбиҳои доимие, ки мо мегузаронем нишон дод, ки бештари навиштаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳо дар бораи қатъи ғайриреҷавии барқ  ба ҳақиқат мувофиқат намекунанд".

Ҳоло гуфта мешавад, ки талаботи шабонарӯзии вилояти Суғд ба неруи барқ ба ҳисоби миёна вобаста ба боду ҳаво  ҳудуди 17.5-18 миллион кВт/соатро ташкил медиҳад. Масалан, санаи  4-уми январ 17 млну 214 ҳазор кВт/соат ва 5-уми январ  ба шимоли  мамлакат 17.5 млн кВт/соат нерӯи барқ  дода шудааст.  Дар як шабонарӯзи гузашта бошад, ба вилояти Суғд 16 миллиону 931 ҳазор кВт/соат барқ интиқол дода шудааст,   иттилоъ  медиҳанд  аз Шабакаҳои барқии Суғд
Дар Хуҷанд, ки дуввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ҳоло маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва он меъёре, ки айни замон аз ҷониби  ширкати “Барқи тоҷик” дода мешавад, басанда аст, мегӯянд масъулони соҳа
“Тибқи тартиботи муқараргардида, он миқдор нерӯи барқе, ки барои шаҳри Хуҷанд  аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” ҷудо шудааст, барои таъмини шаҳр кофист. Вақте ки ба реҷаи интиқоли барқ ягон тағйиру иловаҳо ворид шавад, мо ҳатман  мардумро огоҳ мекунем”-мегӯяд сардори шабакаҳои барқии Хуҷанд Рустам Пӯлотов.
Сокинони шаҳрҳои Гулистону Бӯстон ҳам зимни як пурсишҳои ғайрирасмии мо гуфтанд, ки хонаҳои баландошёна бо барқ таъмин ҳастанд, аммо дар ҳавлиҳо барқ шабона хомӯш мешавад. Ҳаётҷон, сокини ноҳияи Ашт гуфт,  дар ҷамоати деҳоти ноҳияи Ашт  барқ  аз соати   22 шаб то 5-и субҳ хомӯш мешавад, вале рӯзона доранд.
Оғози ҳафтаи ҷорӣ  ширкати “Барқи тоҷик” бо эълони  муроҷиатномааш аз маҳдудитяи неруи барқ хабар дода гуфт, ки  шурӯъ аз 5-уми январ  аз соати 23-00 шаб то соати 6-00 субҳ интиқоли қувваи барқ ба ҷуз хонаҳои баландошиёна, қатъ карда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.