расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Аз Эрон ба коргардони тоҷик ҷоизаро доданду маблағашро не

. / Ҷомеа

Аз Эрон ба коргардони тоҷик ҷоизаро доданду маблағашро не

Ба Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон гуфтаанд ба ҷойи маблағ ба Искандар Усмонов ҳадя медиҳанд.

Искандар Усмонов тандиси ҷоизаи Ҷашнвораи байнулмилалии филми Муқовиматро дар даст дорад
Сурат: Суҳроб Зиё
Ба коргардон ва филмноманависи тоҷик Искандар Усмонов, ки дар 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии “Муқовимат”-и Эрон барои филми  “Дар марз” ҷоизаи Беҳтарин филмномаи кӯтоҳи достониро соҳиб шуда буд, худи ҷоизаро доданду маблағашро не.
Тандис ва дипломи ин ҷоиза ба Искандар Усмонов тавассути Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва шахси сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ расонида шудааст.
Дар дипломи ин ҷоиза навишта шудааст, ки “Тандис ва диплуми  ифтихор ба ҳамроҳи ҷоизаи нақдии Беҳтарин филмномаи кӯтоҳи достонӣ дар бахши мусобиқаи аслӣ дар шонздаҳумин Ҷашнвораи байнулмилалии филми Муқовимат барои асари “Дар марз” ба ҷаноби олӣ тақдим мешавад”.
Аммо ба гуфтаи Искандар Усмонов, маблағи ҷоизаро барояш нафиристодаанд ва ба Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар додаанд, ки ба ҷойи ҷоизаи нақдӣ ҳозиранд ҳадяе ба Искандар Усмонов бидиҳанд.
Филми кӯтоҳи достонии “Дар марз”, ки коргардонаш Тинчтик Абулқосимови қирғиз аст, дар бораи пирамарди тоҷике аст, ки мехоҳад барои дидани хешовандонаш ба он сӯйи марз биравад, вале ҳангоми убури марз аз сӯйи марзбонони қирғиз боздошт мешавад.

Дар ин филм мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва таъсири он рӯйи зиндагии сокинони ду сӯйи марз ба тасвир кашида шудааст.
Ҷашнвораи филми Муқовимат имсол бар асари ҳамагирии коронавирус онлайнӣ баргузор шуд, ки коргардонҳову барандаҳои ҷоизаҳо дар хатми он ва маросими супурдани ҷоизаҳо ширкат накарданд. 
Ин филм ба ҷуз ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии филми Муқовимати Эрон, ҳамчунин ҷоизаҳои дигареро аз ҷашнвораҳои Русия низ ба даст овардааст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.