расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Эмомалӣ Раҳмон ба доварон: “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ро одилона ҷамъбаст кунед

. / Ҷомеа

Эмомалӣ Раҳмон ба доварон: “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ро одилона ҷамъбаст кунед

Ин нуктаро ӯ имрӯз дар машварати корие, ки доир кардааст, гуфтааст.

Бахши доварони адабиёти классикии озмун
Сурат: Некбин Малиев
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кории имрӯз, дар Қасри миллат аз доварони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, талаб кардааст, ки ин тадбири фарҳангӣ бояд бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст карда шавад.
Ба навиштаи торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати ҳакамон хостааст, ки  "ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд".
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки ширкаткунандагону ғолибони озмун аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд гардонида шаванд.
Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" имсол бори дувум аст, ки баргузор мешавад. Соли гузашта бори нахуст ин озмун доир шуда буд. Ин озмун аз моҳи январ то моҳи декабр дар чор давр баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд.
Имсол маҳдудияти синнусолӣ дар он бардошта шуд. Ғолибони ин озмун дар чор давр муайян ва аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.