Парлумони Маҷористон президенти навро интихоб намуд
![](/uploads/posts/2024-02/thumbs/1709030275_tamash-shujok.jpg)
Тамаш Шуйок дар мансаби президентӣ Каталин Новакро иваз менамояд.
Интихоби сарвари нави давлат дар рӯзи аввали иҷлосияи баҳорӣ баргузор гардид. Номзадии Тамаш Шуйоки 67 — сола аз ҷониби эътилофи ҳизбҳои ҳокими «ФИДЕС- Иттиҳоди шаҳрвандии Маҷористон» ва шарикони хурди онҳо — демократҳои масеҳӣ пешниҳод шуд. Ҳангоми овоздиҳӣ ҳамаи вакилони тарафдори ҳукумат ба ҷонибдории Шуйок баромад намуданд, ки ин пирӯзии ӯро дар даври аввал таъмин намуд.