расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дубай қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сахттар кард

. / Ҷаҳон

Дубай қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сахттар кард

Дар бузургтарин шаҳри Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамакнун қоидаҳои сахттари вуруд барои шаҳрвандони чанд кишвар роҳандозӣ шудааст

Барои боздид аз бузургтарин шаҳри Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қоидаҳои вуруд барои сайёҳон тағир дода шудаанд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ва «Fly Dubai», барои аз баъзе кишварҳо ба ин ҷо ворид шудан нусхаи чопи натиҷаи манфии санҷиши PCR COVID-19 бо рамзи QR-код тақозо мешавад.

Муддати санҷиши тест, тибқи талаботи нав, аз 72 то 48 соат кам карда мешавад.

Илова бар санҷиши пеш аз сафар сайёҳон инчунин бояд ҳангоми ворид шудан ба Дубай аз санҷиши ройгон гузаранд ва то ба даст овардани натиҷаи манфии он аз гаштугузор худдорӣ кунанд.

Пеш аз ворид шудан ба Дубай шумо бояд ба телефонатон барномаи мобилии COVID19 — DXB «Smart App"-ро насб карда, маълумотро барои сафари ба нақша гирифташуда ворид созед.

Ин қоидаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар, аз қабили Русия, Украина ва Ӯзбекистон низ дахл доранд.
Қоидаҳои шабеҳ барои ворид шудан ба Русия низ татбиқ мешаванд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои ИА ба Федератсияи Русия меоянд, бояд натиҷаи санҷиш дар шакли QR-кодро дар замимаи «Ман бидуни COVID-19 сафар мекунам» дошта бошанд.

Чунин қоидаҳо барои шаҳрвандони Молдова ва Тоҷикистон низ татбиқ мешаванд.

Шумо метавонед барномаи «Ман бидуни COVID-19 сафар мекунам» -ро тавассути «App Store» ё «Google Play» дар телефони худ насб кунед ва ҳангоми сафар ба хориҷ аз он истифода намоед.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.