расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Барандаи ҷоизаи Нобел ба саволи муфаттишони Беларус посух медиҳад

. / Ҷаҳон

Барандаи ҷоизаи Нобел ба саволи муфаттишони Беларус посух медиҳад


Нависанда Светлана Алексиевич як узви Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифини Беларус аст

Мақомот дар Беларус гуфтанд, ки рӯзи 26 август барандаи 72-солаи ҷоизаи Нобел, нависанда Светлана Алексиевичро дар робита бо фаъолияти мухолифини тарафдори истеъфои президент Александр Лукашенко бозпурсӣ мекунанд. Алексиевичро ба Кумитаи тафтишот даъват карданд. Ду рӯз пеш аз ин ду узви мухолифин дар Шӯрои ҳамоҳангсоз бо иттиҳоми ташкили эътирозҳои ғайриқонунӣ, ки дар он даҳҳо ҳазор нафар иштирок карданд, зиндонӣ шуданд. Лукашенко гуфт, ки Шӯрои ҳамоҳангсоз, ки ҳафтаи гузашта бо ҳадафи барпо кардани муколама бо ҳукумат таъсис шудааст, ғайриқонунӣ буда, ҳадафаш ғасби қудрат аст. Баъди боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин ташаккул рӯзи 21 август, мақомот боздошту муҷозоти мухолифонро суръат бахшидаанд. Бо ин вуҷуд, Светлана Тихановская, як раҳбари мухолифини Беларус, ки дар хориҷа ба сар мебарад, рӯзи 25 август гуфт, ки ҳаракати демократии кишвар «шикаст намеёбад». Ӯ дар сӯҳбат бо қонунгузорони аврупоӣ дар як конфронси видеоӣ гуфт, ки «мардуми Беларус дар ин ду ҳафтаи гузашта нишон дод, ки ақибнишинӣ карданӣ нест». Ин дар ҳолест, ки мақомоти аврупоӣ гуфтаанд, ки эҳтимоли масдуд кардани дороиву ҳисобҳои 15 то 20 мақоми дар тақаллуби интихоботӣ дастдоштаро баррасӣ доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.