расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Вазири энергетика сабаби тӯл кашидани сохтмони лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чинро шарҳ дод

Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Вазири энергетика сабаби тӯл кашидани сохтмони лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чинро шарҳ дод

Масъалаи нархгузории интиқоли газ тавассути лӯлаҳо сабаби тӯл кашидани сохтмони хатти лӯлаи нави интиқоли гази Осиёи Марказӣ - Чин (хати D) гардидааст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва зихираҳои оби Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ӯ, ки дирӯз, 1-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, афзуд, масъалаи нархгузории интиқоли газ байни дигар давлатҳои шарики лоиҳа ҷой дорад ва ҳамаи масъалаҳое, ки ба ҷониби Тоҷикистон рабт дорад, ҳал шудааст.
Моҳи сентябр аз оғози сохтмони нақби лӯлаи гази Осиёи Марказӣ - Чин (хати D) 10 сол сипарӣ мешавад, аммо то ҳол сохтмони он ба анҷом нарасидааст.
Моҳи январи соли 2020 Шарифа Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфта буд, тақрибан 99 дарсади корҳо дар бунёди хатти лӯлаи нав дар қаламрави Тоҷикистон ба охир расидааст ва интизор аст, соли 2020 сохтмони он анҷом ёбад.
Далер Ҷумъа дар робта ба маблағгузории лоиҳа гуфт, манбаъҳои маблағгузорӣ барои сохтмон аз ҷониби Тоҷикистон мушаххас шудааст ва созишномаи дахлдор ба имзо расидааст.
Ба гуфтаи вай, тибқи он, як бонки чинӣ ӯҳдадор шудааст, ки сохтмонро маблағгузорӣ кунад. Ӯ мушаххас аз бонке ном набурд.
Рӯзноманигори “Азия-Плюс” аз Далер Ҷумъа ду маротибаи дигар ба таври такрорӣ пурсид, ки ҳаҷми маблағи ҷудошуда ва маблағи то кунан сарфшударо ироа кунад, вале ӯ гуфт, “ин паҳлӯи тиҷоратӣ дорад ва фикр мекунам, зарурат нест, ки рақамҳоро инҷо гап занем. Вале баъди он ки созишномаҳои дахлдор вобаста ба сохтмони иншоот ва баъд аз мушаххас намудани паҳлӯҳои тиҷоратӣ метавонем, ки ахбори дурусттарро пешниҳод кунем”.

Далер ҶумъаAsia-Plus
Номбурда афзуд, дар робита сохтмони ин лоиҳа ба Чин мактуби расмӣ ирсол карда, омодагии худро гуфтанд ва бояд ин раванд ҳарчи зудтар амалӣ шавад.
“Ин табиӣ аст, вақте ки як чанд давлат дар лоиҳа шомил мешаванд, мушкилиҳо ҳастанд. Ҳамаи масъалаҳои техникӣ дар умум ҳалли худро ёфтаанд. Ташвиши мо ба ин аст, ки хатти ин лоиҳа тариқи обанбори “Роғун” мегузарад ва мо бояд муҳлатҳои татбиқи ҳарду лоиҳаро мувофиқа кунем. Мутамаинам, ки ин масъаларо ҳамин сол ба танзим медарорем”, - гуфт Далер Ҷумъа.
Бояд гуфт, ки аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бузургтарин таъминкунандаи газ ба Чин кишвари Туркманистон аст. То ҳол аз Туркманистон интиқоли газ тавассути Ӯзбекистон ва Қазоқистон сурат мегирад. Лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин (хати D), чорумин хати интиқоли газ ба Чин аст, ки бояд тавассути хоки Тоҷикистон гузарад.
Ёдовар мешавем, ки хатти нави лӯлаи интиқоли гази “Осиёи Марказӣ – Чин” (шохаи D) 966 километр масофаи умумӣ дошта, тариқи қаламрави панҷ кишвар – Туркманистону Ӯзбекистон (205 км), Тоҷикистон (391 км), Қирғизистон (215 км)  ва Чин (155 км) мегузарад.
Дар назар аст, ки тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шавад. Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.