расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Хадамоти алоқа: Баҳри пурра таъмин намудани алоқаи мобилии насли 4 G бояд то 8 ҳазор истгоҳи базавӣ насб шавад

. / Иқтисодиёт

Хадамоти алоқа: Баҳри пурра таъмин намудани алоқаи мобилии насли 4 G бояд то 8 ҳазор истгоҳи базавӣ насб шавад

 Дар Ҷумҳурии Тоҷкистон баҳри пурра таъмин намудани алоқаи мобилии насли 4 G бояд то 8 ҳазор истгоҳи базавӣ насб шавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Илҳомҷон Атоев, дар ин самт аллакай корҳо оғоз гардида, хадамот бо тамоми вазорату идораҳо ҳамкорӣ менамояд.
Ҳамзамон изҳор гардид, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» соли 2023 аз ҷониби Хадамоти алоқа 1054 истгоҳи базавӣ насб гардида, 500 километр хати нахи нурӣ баҳри вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет насбу амалӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии муштариёни пайваст ба шабакаҳои алоқаи барқӣ баъди дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» 7,8 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки 4,8 миллион нафари он муштариёни фаъол мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони  интернети мобилӣ ва собит 4,1 млн нафарро дар бар мегирад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.