расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Шералӣ Кабир технологияҳои блокчейнро ояндаи иқтисоди Тоҷикистон медонад

. / Иқтисодиёт

Шералӣ Кабир технологияҳои блокчейнро ояндаи иқтисоди Тоҷикистон медонад

Зиёда аз 28 ҳазор нафар ҷавонон барои мутахассиси IT шудан дархост додаанд.

Вазири саноати ҶТ Шералӣ Кабир
Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир имрӯз изҳор дошт, ки ояндаи иқтисоди Тоҷикистон ба истифодаи технологияҳои блокчейн вобаста аст.
“Барои ин мо имконот - кадрҳои ҷавон дорем, - қайд кард ӯ. - Зиёда аз 28 ҳазор нафар ҷавон барои мутахассиси IT (технологияҳои иттилоотӣ) шудан дархост доданд ва мо бояд ин имконотро истифода барем”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ба ин ҳадаф ноил гардидан дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои миёнаи махсус ҷорӣ кардани таълим ба ихтисосҳое лозим аст, ки ҷиҳати кор бо самте чун технологияҳои IT ба мисли блокчейн заруранд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ қайд кард, ки дар давраи иқтисоди рақамӣ ин самт серталабот ва серхаридор мебошад.
“Даъвати омӯзгорон аз кишварҳои рушдёфта лозим аст, то ки ҷавонони моро дар шакли нави иқтисод таълим диҳанд”, - иброз дошт номбурда.
Истифодаи технологияи блокчейнро Бонки ҷаҳонӣ низ тавсия медиҳад.
“Вақте рушди иқтисод дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба ҳадди ниҳоии худ расид, замоне фаро расид, ки кишварҳои минтақа бояд аз технологияҳои нави рақамӣ баҳри ҷорисозии навгониҳо ва беҳбуди сифати хизматрасониҳо истифода кунанд”, - зикр шуда буд дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Криптовалюта ва блокчейн” дар соли 2018.
Бо сабаби фарқияти усулии худ технологияи мазкур дар низоми амният нафъи амалӣ дорад. Табиист, ки омӯзиш ва ҷорисозии ин технология ба зарурати таълими якбора якчанд ихтисос - блокчейн-муҳандисон, таҳиягарон ва муҳаққиқон, ки аллакай имрӯз заруранд, водор мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.