расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Нигаронии Шералӣ Кабир аз рушди саноати сабуки Тоҷикистон

. / Иқтисодиёт

Нигаронии Шералӣ Кабир аз рушди саноати сабуки Тоҷикистон

Вазъ дар саноати сабуки Қирғизистон мисол оварда шуд.

Шералӣ Кабир
Сурат: Asia-Plus
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар мавриди рушди саноати сабук дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард.
Дар ин робита ӯ изҳор дошт, ки дар Қирғизистон, ки “имконоташ нисбати мо камтар аст”, дар соҳаи саноати сабук 158 ҳазор нафар кор мекунанд.
“Ин нишондиҳанда дар мо чанд баробар пасттар аст, - гуфт вазир зимни нишасти матбуотии имрӯза. - Моро лозим аст, ки ба корҳо дар ин самт, бахусус дар соҳаи коркарди нахи пахта ва абрешим тақвият бахшем”.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2020 Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд 406,9 млн доллар ба хориҷи кишвар молу маҳсулот содир кардааст.
“Аз он 1 млрд 215,4 млн доллар ба соҳаи саноат рост омада, дар ин давра ҳаҷми содироти алюминий 87 ҳазор тонна, маъдан - 191,4 ҳазор, семент - 1 млн 313 ҳазор ва нахи пахта - 100,1 ҳазор тоннаро ташкил дод”, - гуфт Шералӣ Кабир.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки Тоҷикистон дар самти истеҳсол ва содироти семент имконоти зиёд дорад.
“Соли гузашта 5,6 млн тонна семент истеҳсол шуда, 1,3 млн тоннаи он ба Ӯзбекистону Афғонистон фурӯхта шуд”, - қайд кард вазири саноат.
Зимнан зикр шуд, ки соли сипаришуда суръати афзоиши соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ 9,7%-ро ташкил дод.
Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки соли 2020 дар Тоҷикистон 2274 корхона ба қайд гирифта шуда, 110-тои онҳо бо сабабҳои гуногун фаъолият надоштанд.
“Соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаи нав таъсис дода шуда, дар онҳо 6500 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуданд", - илова кард Шералӣ Кабир.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.