расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд қариб ба 1,5 млрд сомонӣ расид

. / Иқтисодиёт

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд қариб ба 1,5 млрд сомонӣ расид

Ин нишондиҳанда нисбат ба соли пешин 15,2% зиёдтар аст.

Фирдавс Шарифзода
Сурат: аз муаллифи хабар
Корхонаҳои саноатии Хуҷанд дар соли 2020 ба маблағи 1 млрд 492 млн сомонӣ ё худ ба андозаи 15,2% нисбат ба соли 2019 маҳсулот истеҳсол карданд.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 9 феврал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода изҳор дошт, ки соли гузашта дар соҳаи саноат 17 корхонаи нави хурду миёна таъсис дода шуда, шумори умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 165 адад расид.

“Мутаассифона, дар баробари ин соли гузашта бо сабабҳои объективӣ 14 корхона кор накарданд, - қайд кард ӯ. - Мо аз ҳисоби мутахассисн гурӯҳи корӣ ташкил кардем, то ки сабабҳои аз фаъолият бозмондани онҳоро ошкор ва таҳлил намуда, имсол ин мушкилот бартараф ва фаъолияташон барқарор карда шавад”.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боз 14 корхонаи нави истеҳсолӣ дар Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.